Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Набошад чӣ? Дар хона гўши язнаатро ва дар идора гўши худатро, чунки Ҷамила бону ин гапҳоро намегўяд. Ман бошам маҷбурам, ки шуморо бо замона ҳамқадам созам…
– Акнун ҳамқадам шудем, – дар куҷо буданашро аз ёд бароварда бо суханони шунаво гуфт Маъруф Остон.
– Ҳамқадами чӣ? – суханони мусоҳибашро шунида парсид Насим.
– Ҳамқадами замона.
– Парво накунед, ҳамааш нағз мешавад.
– Ин ба гуфтан осон.
– Ором шавед. Охир дирўз амалиётро бо майдатарин ҷузъиёташ мо кор карда баромадем.
– Назариявӣ, ҳа.
– Назария ин худ таҳкурсӣ аст. Магар шумо аз пеши худ рўзноманигор шудед?
– Ин ҷо тамоман кор дигар хел аст. Ба замми ин боз ин барф.
– Баръакс барф ба нафъи кор аст.
– Чӣ хел?
– То милиса ба ҷойи ҳодиса меояд, ки болои изҳои гузоштаатро барф мепўшонад.
– Рафту напўшонад чӣ?
– Мепўшонад.
– Ман чандин сол боз тир напаррондаам.
– Ҳоло вақти ин гапҳо не. Беҳтараш ором шаведу омадани «ҷанобашон»–ро интизор. Бе ин ҳам аз вақти омаданаш аллакай панҷ дақиқа гузашт.
– Он кас садди роҳи ягон кас шудагист?
– Намедонам.
– Рафту ў гуноҳе надошта бошад?
– Барои мо фарқаш чӣ, гуноҳ дорад ё не. Модоме ки ўро аз байн бурдан мехоҳанд, албатта, фаришта набудагист.
Маъруф Остон хост эътироз намояд, вале дар лаҳзаи охир андеша кард. Охир барои ў дигар чӣ фарқ дорад объекте, ки ба қатлаш имзо гузоштаанд, чӣ кас асту чӣ кора. Соате пештар Насим расми ўро барояш нишон дод. Дар намуд марди панҷову панҷ шастсола. Мўйи сари мошубиринҷ, чашмони калон дорад, бинии теғадор. Он чӣ ки вай акнун дар бораи сайдаш медонад ҳамин. Маъруф Остон боз ба тарафи хонаи рў ба рў нигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё