Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳоло намедонам. Ҳамааш ба он вобаста, ки Ҳамид Ҷовид чӣ мегўяд.
– Чӣ ҳам мегуфт. Охир мо ҳама якҷоя шомили гурўҳи тафтишотием.
– Инашро вай медонад, вале новобаста…
– Ман аллакай тарафи техникии масъаларо ҳал намудам.
Гилза ва тирҳоро ҳамчунин нақшҳои ангуштоне, ки дар ҷойи ҳодиса ёфт шуда буданд ба ташхис фиристодаам. Рафту агар натиҷае диҳанд, нуран алонур мешуд.
– Оё хешу ақрабои Розиқ Амон аз ягон кас гумонбар нестанд?
– Не. Онҳо қариб ки аз маҳрум фаришта тарошиданд.
– Наход.
– Ҳа, ўро чун инсони шариф арзёбӣ карданд.
– Маълум, ки хешу ақрабояш аз гузаштаи вай огоҳ нестанд ва ё ба чашми тафтишот хок пошиданианд?
– Намедонам. Ман фақат як чизро нафаҳмидам, ки чаро ҳамсари Розиқ Амон аз марги шавҳараш хурсандӣ намудааст?
– Барои чунин амал ў асос дорад.
– Шояд шунавем?
– Чун варо пурсиши расмӣ мебояд гумон мекунам, ки сухан аз забони луқмон хуштар аст.
– То кунун шахсияти муҳофиз номаълум аст.
– Муҳофизро Маҷнуни Замир ном буда, соли 197… дар ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Аз хурдӣ аз падару модар ятим монда, дар хонаи бачагони шаҳри Душанбе тарбия ёфтааст. Дар куҷо ва чӣ хел бо Розиқ Амон шинос шудаст, то кунун маълумоте дар даст надорем.
– Панҷ ангуштро яку якбора ба даҳон андохтан мумкин нест.
– Албатта, бо гузашти вақт мо ҳама паҳлуҳои зиндагии муҳофизро муайян хоҳем кард.
– Аминам. Акнун бо рухсати шумо рафиқ капитан…
– Шояд боз каме сабр намоед. Рафту Ҳамид Ҷовид бандаро ба ягон кори дигар сафарбар нанамояд, ҳарду аз пайи корҳои ҷустуҷўи мерафтем.
– Аҷаб нест, ки прокурор маро напурсад.
Фирдавси Ҳаким ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ худоҳофизӣ намуда аз дар баромад.

пешина
аз 558
навбатӣ