Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо вай суҳбати расмӣ мебояд – гуфтани Сорбони Ҳомид то ба прокуратура расидан дар гўшаш чун путк садо доду садо…
Муфаттиш сари суханони ваколатдори кофтукови ҷинояӣ хело андеша намуд. Рафтори Сорбони Ҳомид бо ҳамсари Розиқ Амон мақоли «Колаи бад ба соҳибаш насиб кунад» – ро ба ёд меовард. Шояд сирри нуҳуфтаи ҳамсари мудири бонки саҳомии «Кишоварз» дар ниҳоди Сорбони Ҳомид на танҳо кашфиётеро эҳё намуд, балки дар қалби вай нафратеро бедор кардааст…
Фирдавси Ҳакимро ба ҷуз пурсиши расмии бевазан дигар чорае намонда буд.
Муфаттиш сари суханони Сорбони Ҳомид, ки гўё марги шавҳар барои зан хурсандӣ овардааст, хело майна об кард, вале аз нуқтаи назари мантиқ ба гуфтаҳои ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ баҳо дода натавонист. Дар муддати чанд дақиқа тамоми катакчаҳои майнааш пайи иҷрои супориш бархестанд, вале дар монитори хотираш ҷумла он тараф истад, калимае ҳам набаромад.
Муфаттиш аз чунин оромӣ дар вазъи ногуворе монд ва ба сарнозири минтақавӣ майори милиса Қурбон Дўст занг зада хоҳиш кард, ки ҳамсари Розиқ Амонро барои пурсиш ба прокуратура фиристад.
Ниҳоят, ў гўшаки телефонро ба ҷояш гузошта, аз сейф парвандаи ҷиноии рўзи гузашта оғоз намудаашро бароварда, болои миз гузошт. Ҳар он чӣ, ки тайи рўзи гузашта ба даст омада буд, ин муайян намудани шахсияти муҳофиз буд. Аслан дар дигар ҳолат мешуд, чунин дастовард боиси аҳсан буд, вале дар шароити кунунӣ онро инқилоби корҳои ҷустуҷўӣ номидан ғайриимкон буд. Хоҳу нохоҳ имрўз шахсияти муҳофиз Маҷнун Замир рўйи об мебаромад, чунки ўро ҷойи кор маълум буд. Дурусттараш айёнро ҳоҷат ба баён набуд ва муайян намудани шахсияти нафаре, ки ҷойи кораш маълум аст на пурбинро талаб мекунаду на чароғро. Бо пайдо шудани калимаи пурбин ва чароғ дар тафаккури муфаттиш мавҷи хаёлоти ў лаппиш хўрд ва ин лаппиш мавҷҳои дигаеро то ба соҳил тела дод…
Ду моҳ қабл рўзномаи «Айём» мақолаи рўзноманигор Маъруф Остон «Коррупсияро бо пурбин наҷўед…» дар ду саҳифа ба табъ расонида буд. Аслан мақолаи мазкурро метавон як инқилобе дар тадқиқотҳои журналистӣ шумурд. Маъруф Остон бо далелҳои раднашаванда ҷурмҳои ҷомеаро, ки аз коррупсия сарчашма мегиранд, ба қалам дода буд.

пешина
аз 558
навбатӣ