Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мақола омада аст, ки тайи ду соли охир танҳо дар як кўчаи Баҳор, ки дар шафати ҷойи кори онҳост, зиёда аз бист қасри кошӣ, ки арзиши ҳар кадомашон дар шароити имрўзаи Тоҷикистон на камтар аз сесад ҳазор доллар аст, қомат афрохтаанд ва аз ҳама аҷибаш ин аст, ки ин қасрҳо дар номи шахсоне номнавис шудаанд, ки бо пули нафақа рўз мебаранд ва ё дар ягон ҷо кор намекунанд. Муаллиф аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пурсидааст, ки наход онҳо дар ҳаракатҳои ин нафақахўрон ва бомжҳо ягон нимкосаи зери косаро надида бошанд…
Ҳарчанд мақола аз тарафи кулли аҳолӣ дастгирӣ ёфта бошад ҳам, то кунун мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба он ҷавоби расмии хешро надода буданд…
– Чаро то ҳанўз мақомотҳои расмӣ ба мақолаи рўзноманигор Маъруф Остон ҷавоб надодаанд? – нидо омад аз қалби муфаттиш.
– Чаро хомўшӣ? – дуюмбора нидо омад аз қалбаш.
– Чӣ гўям?
– Ба суоли мо ҷавоб деҳ.
– Ба фикрам то ханўз мақомотҳои номбурда мавқеи аниқи хешро муайян накардаанд.
– Агар дурусттар андеша намоем, онҳо мавқеи бетарафиро интихоб кардаанд, ҳамин хел?
– Ба фикрам ҳамин хел аст.
– Оё медонед, ки чунин мавқеъро чӣ мегўянд?
– Не.
– Мансабдорони ин мақомотҳо аз рўйи мақоли халқӣ «Ман ба ту намерасам, ту ба ман нарас» амал намудаанд.
– Шояд онҳо ҳам мехоҳанд, ки мисли он рўзноманигор ҷавоби расмии хешро бо факту далелҳои раднашаванда «зебу зиннат» дода, ба рўзномаи «Айём» ҷавоб гўянд.
– Маълум, ки то чопи он мавод онҳо ба муқобили коррупсия ягон далел надоштанд ва акнун ҷўёи чунин далелҳоянд?
– Эҳтимол ҳамин хел бошад.
– О, худи рўзноманигор нонро хоида ба гулўи муҳофизони қонун гузоштааст, наход фурў бурдани луқмаи тайёр ҳам ба онҳо мушкилӣ кунад, наход?
– Намедонам. Беҳтар мешуд, ки маро ба ҳоли хеш мегузоштед. Охир, ман бояд сари марги мудири бонки саҳомии «Кишоварз» Розиқ Амон ва муҳофизи ў Маҷнун Замир андеша намоям.

пешина
аз 558
навбатӣ