Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зиндагии дуввуми дар нисбати оне, ки арақи ҷабин мерезад хуштар аст…
– Чаро?
– Чунки дуюмӣ бо замона ҳамқадам аст ва танҳо бо равиши об бел мезанад. Лозим ояд рўйи оби баҳр киштӣ ва дар ҳаво тайёра аст. Дар асл не, дар сухан. Ҳамеша чун аломати савол дуқат аст ва ҳаргиз бар хилофи талаби боло қадам наниҳода.
Аз амру фармони давлат ба ў чӣ суд? Иҷроиши амру фармони сардор, ки дар калааш ба ҷойи майна аррамайда дорад, баҳраш ҳатмист, хоҳ он бар хилофи қонун аст. Дурўғи сардорро аз сухани рости зердаст боло медонад. Шиораш «Така бошаду шир диҳад» буд, ҳаст ва мемонад… Бехабар аз он ки шарр дар ҳама давру замон рўсиёҳ буду мемонад…
Аз он ки моҳе пештар Ҳамид Ҷовид сардори ШКД – и ноҳияи Сарчашма таъин шуда ба шаҳр омад, барои Сорбони Ҳомид ғайричашмдошт набуд. Ҳангоми моҳе дар Гулобод кор кардан ў кию чӣ будани ин марди ҷонфидоро, ки милисаро аз ҷон дўсттар медошт, шинохт...
Сорбони Ҳомид на танҳо Ҳамид Ҷовидро, балки сардори шуъбаи вилоятӣ полковник Маннони Ҳусайнро8 низ нағз мешинохт. Бо ҳама кўшишу талошҳои хеш ин марди тамаъҷў Ҳамид Ҷовидро дар назди мардуми ориф сиёҳ карда натавонист, ки натавонист.
Ба мансаби нав таъин шудани Ҳамид Ҷовид ин ғалабаи хайр аз болои шарр буд, ин ғалабаи ҳамаи онҳое буд, ки мегуфтанд:
– «Қонун догма нест»…
Шояд худи Ҳамид Ҷовид аз ҳамин нафароне буд, ки борҳо ба қолабшикании амру фармонҳои бе мантиқ камар баста ва дигаронро низ ба ин роҳ ҳидоят намуда.
Баъди рафтани муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид боз ним соат дар дафтари кориаш, ки аз сардӣ зиндонро мемонд, сари парвандаҳои ҷустуҷўии дар истеҳсолот доштааш майна об кард.
Ҳанўз моҳе пештар гузаронидани маҷлисҳо дар рўзҳои даҳум, бистум ва сиюм чун сарборӣ ба ду маҷлиси ҳафта ба ҳукми анъана даромада буд. Аз маҷлисбозӣ, гапфурўшӣ ва ваъдаҳои по дар ҳавои баъзе аз ҳамкорон Сорбони Ҳомид ҷон ба лаб омада буд.

пешина
аз 558
навбатӣ