Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Натиҷаи эътирозҳояш буд, ки тайи солиёни зиёди кор дар милиса на соҳиби рутба гашту на соҳиби вазифа.
Ҳарчанд якумӣ аз дуюмӣ вобастагии пурра дошт, яъне вазифа сармуншии ҳамаи рутбаҳост.
Дар интиҳо ў қоғазу қаламро аз болои миз ғундошту аз он ҳуҷраи сард берун шуд. Умуман, ин бори аввал ҳам набуд, ки шаҳрдорон зимистонро бо чунин сардӣ пешвоз мегирифтанд.
Ду – се сол қабл ҳатто дар рўзи иди «Фитр» на барқ буду на газ… Тайи ин солҳо ҳафтаҳо дар дафтарҳои кории сард кор карданд, чунки роҳбарони собиқро парвои зердастон набуд.
Охир онҳо муносибати хешро ба боло бад кардан намехостанд, на пишаки сағирро пишт мегуфтанду на аз кабирро, аниқтараш пишаки кабиру вазирро пишт намегуфтанд, сағир ва пишаки ў ҳамеша дар мадди назар буд. Охир сағир набошад, ҳисобот аз куҷо мешавад…
Дирўз дар ҳузури ў Ҳамид Ҷовид бо сардори раёсати шаҳрӣ ва сипас худи вазир суҳбати телефонӣ дошт ва баҳри ҳуҷраҳои милиса гармкунакҳои барқӣ талаб кард.
– Ҳоло мебинем, – гуфтанд ба вай.
Шояд онҳо Ҳамид Ҷовидро дуруст наомўхтаанд, вале чун тайи ин муддат бори чаҳорум маҷлиси даҳрўзагӣ нашуд, маълум буд, ки қолабшиканиро дар милиса худи сардор сарвар аст. Навбатдор ба суоли вай посух дод, ки бемалол метавонад аз пайи кораш равад, чунки сардор ба раёсати шаҳрӣ рафту ба ў дар бораи маҷлис сухане нагуфт.
Бегоҳӣ вақте ки ў ба идора баргашт старшина Хуррамов ба дафтари кориаш гармкунаки барқии кори калонеро оварда – саломатӣ ганҷи бебаҳост, – гўён гузошта рафт…
Ҳарчанд ў аз даву този бенатиҷаи имрўза ниҳоят хасташуда буд, вале ташрифи ногаҳонии страшинаи милиса Хуррамов вайро шод кард. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки сардори ШКД дар фикри саломатии зердастон буд ва харакатҳои аввалини вай аз ҳамин шаҳодат медод.
Сорбони Ҳомид баъди рафтани Хуррамов гармкунакро бори дигар аз назар гузаронида, онро ба ноқилҳои барқӣ пайваст. Соате пас ҳавои дафтари корӣ муътадил шудан гирифт ва дар интиҳо капитани милиса худро аз оғўши палтои чармин, ки ниҳоят вазнин буд, раҳо кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё