Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
-Дар ҳақиқат рӯзҳои нахустини кори Исомаддинова, ҷомеаи русзабони кӯдакистон ноҳақ ба муқобилаш хестанд. Ман шоҳидам, ки ҳанӯз Исомаддинова ба кор шурӯъ накарда буд, аммо фармони мудири кӯдакистон шуданаш аз ҷониби завод ба тасвиб расида буд, ҷомеаи нотавонбини кӯдакистон ҳанӯз он замон нақша кашида буданд, ки ба ӯ роҳ намекушоянд, ки бемалол кор кунад.-Лукибанова чеҳраи зебову ростинашро ба судӣ гардонида, бурро-бурро ба сухан даромад. -Муносибати Исомаддинова ва инҳо,-сарашро Лукибанова ба аҳли толор, ки намояндагони завод нишаста буданд, гардонид,- аз рӯзи аввали корӣ аллакай дар пояи ноинсофиву бевиҷдонӣ ба роҳ монда шуд. Ҳама кор аз рӯи нақша-сенарияи махсус тарҳрезӣ шуда буд, ки бояд ба ҳар роҳу восита Исомаддиноваро ранҷонанду аз кор дилсардаш созанд. Гарчанде мудир маълумоти педагогӣ надорад, ба вазифааш ҷиддӣ рафтор мекард. Аз уҳдаи таълиму тарбия хеле хуб баромада метавонад. Ҳаромхӯриву ба хона кашонидани озуқаи кӯдакистонро қатъиян манъ мекард, ки ба онҳо аз ҳама беш маъқул нашуд. Қариб ҳама корҳои ман бо воситаи мудир ҳал мешавад, аз ин рӯ дар бисёр игвоҳо ман шоҳидам. Исомаддинова инсони хушсухан ва ҳарфи гузаро дорад. Аз ин рӯ, ҳар кору мушкилие, ки пеш ояд, ӯ дарҳол аз паяш мешуду дар муддати кӯтоҳтарин дигар нуқтаҳои масъули ҳукумату маорифро водор мекард, ки ин мушкилӣ тезтар ҳал шавад. Ман бисёр мудиронро дар кӯдакистон дида будам, аммо Исомаддинова барин инсони корчаллону ҳамзамон ғамхорро надидам. Дар замони имрӯз, ки хӯронидани кӯдакон мушкилии рақами як маҳсуб мешавад, аммо аз замоне, ки Исомаддинова ба кор омад, ин мушкилӣ роҳи ҳалли худро ёфт. Ӯ якум роҳи дуздиро қатъиян гирифта бошад, дуввум дар ҳамкорӣ бо дигар корхонаҷоту хоҷагиҳои деҳқонӣ бо муомилай хуб тавонист, ки дасти хайри ин гуна корхонаҳоро ба сӯи кӯдакистон ҷалб ва дароз кунад, ки дар натиҷа аз пештара бештар фаровонӣ дар кӯдакистон падид омад. Бо ташаббуси Исомаддинова ҳавлии кушоду бесояи боғча пур аз дарахтҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё