Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

мевадиҳандаву сояафкан гардид. Ба полизи рӯи ҳавлии кӯдакистон қубурҳои обро касонид, ки қаблан маъмурияти завод дар ин самт ягон коре накарда буд. Дар хислати мудир ягон гуна миллатчигӣ нест, ӯ бо ҳама баробар муносибат дорад. Ӯ ҳақ аст, ки як методист, як ҳамшираи тиб ва як мусиқачии тоҷикро талаб кунад. Зеро фисади зиёди тарбиятгирандагон ва кормандон тоҷиконанд. Танҳо як ҷиддияти ӯ, ки ба тартиб даровардани интизоми меҳнат аст, ба ҷомеаи ғайритоҷики кӯдакистон мақбул наафтод. Як идда, ки ин занро дӯст намедоранд, ҳамеша аз паи навис-навис овора шуда, ӯро ба сарсониҳои нав ба нав мувоҷеҳ карданд.

Ин замон чашми ҳама муқобилонам мош барин кушода шуд. Онҳо ин гуна ҳақиқатро интизор набуданд. Гумон карда буданд, ки Лукибанова ҳозир мехезаду мисли дигарон тарафи онҳоро мегирад. Онҳо аз чунин баромад ҷои нишаст наёфтанд. Қаблан, ки аз судӣ барои хомӯш нишастан огоҳӣ гирифта буданд, аз ин рӯ мурда-мурда тоқат карда шиштанд. Вагарна, кӣ медонад, худи ҳозир аз гиребони Лукибанова дошта ба рӯяш мезаданд. Аз ин худкомагону худбинон ҳар корро мунтазир шудан мумкин аст. Дар охир гуфт:

-Исомаддинова роҳбари хуб аст, ба шарте, ки ба ӯ имкони кор карданро диҳанд. Ба шарте, ки имкони кор карданро диҳанд....-Лукибанова ҷумлаи охиринро чунон тагдор ва такрор гуфт, ки дигар ҳоҷат ба шарҳу возеҳдиҳӣ набуд.

Баъди фош шудани бисёре аз асрор, ки ҳатто ман то кунун дар мурофиаи судӣ нагуфта будам, Лукибанова бепарда иброз дошт. Агар баъзе аз чунин асрорро мегуфтам, муқобилонам ва судя шояд гумон мекарданд, ки ман худсафедкунӣ мекунам. Аммо хеле хуб шуд, ки Лукибанова ин муаммоҳоро кушод. Аз ҳамин рӯз сар карда то ба рӯзи 14 феврал суд ба пуррагӣ ҳамаи шоҳидонро пурсид.

Судя гуфт, ки ҳалномаро рӯзи 15 феврал мехонад ва бо ҳамин суд кори худро ба анҷом мерасонад. Инак маълум буд, ки ҳақиқат рӯи кор ояд. Инак, соате даррасида буд, ки онон шармандавор шикасти худро бояд медиданд. Аз чеҳраи

пешина
аз 385
навбатӣ