Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамаашон ҳувайдо гардида буд, ки хеле дар ғазабанд. Зеро дар ҳузури як зани муштипаре чун ман, шикасти ин гурӯҳи калон хеле зарбаи мӯҳлик ба ҷони эшон буд. Зеро ҳама ҳуҷҷатҳо маро ҷонибдорӣ намуда, шоҳидону рӯ ба рӯкунӣ низ ва умуман ҳама ҳолати мурофиаи суд ба фоидаи ман як саду ҳаштод дараҷа рӯи худро тофта буд.

Аммо дасисаи дунё ҳамеша дар амал будаасту мо одамакон ҳамеша аз чархишу гардиши чархи гардун бехабар будаем.

15 феврали соли 1993, толори мурофиаи суди халқии шаҳри Конибодом. Соат даҳ то кам 9 буд. Ман ба ҷои он ки чеҳраи муқобилонамро ғамзадаву маъюс бубинам, ин субҳ онҳо бо чеҳраи кушод ба толор ворид шуданд. Пиндошта будам, ки ҳама имрӯз сарашон ба замин нишеб меоянд, зеро медонанд, ки имрӯз кор ба фоидаи ман ҳал мешавад. Аммо ман тамоман дар рухсораҳои эшон ғамро мушоҳида накардам. Баръакс аз чашмашон нишонаи найрангро хондам.

Мурофиаи суд оғоз ёфт. Ҳангоме судя эълон кард, ки бояд нуқтаи охирон гузошта шавад, ғайриихтиёр аз ҷониби маъмурияти завод ба унвони судя номаи шикоятӣ дароз карда шуд. Судя баъди чашм давонида пастакак хондани мактуб якбора чеҳрааш тағйир ёфт. Баъдан мактубро бо овози шунаво қироат кард.

Дар нома 27 имзои кормандони кӯдакистон буд, ки мазмуни он пиромуни барканор кардани ман буд. Дар ин мактуб омада буд, ки гӯё ман ҳамаи суду прокурор ва журналистонро харида гирифтааму ба онҳо чунин мудир лозим нест. Агар суд корро ба фоидаи ман ҳал кунад, онҳо корпартой мекунанд.

Аҷиб аст. Дар кӯдакистон ҳамагӣ 54 нафар корманд буд, ин мактуб бошад 27 имзо дорад. Воқеан ин мактуб судяро ба раҳгумӣ бурд. Агар корро ба фоидаи ман ҳал кунад, тақдири ин нома чӣ мешавад? Муаллифони нома таъкид карда буданд, ки корпартоӣ мекунанд. Судя ҳайрон буд, ки чӣ кунад. Ман беист ашки чашм мерехтам. Дилам сахттар фишор хӯрд. Тарбуз аз бағалам афтида буд. Ин лаҳза ҳимоятгари ман

пешина
аз 385
навбатӣ