Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
маблағи прогули маҷбурӣ ва шикастҳои иқтисодиатро ҷуброн кунад. Таклиф дорад, ки аз баҳри суду судбозӣ бароем.- Наил Акчурин инро гуфту ба ваҷоҳатам амиқ чашмашро дӯхт. Гӯё посухи ман тақдири ягон давлатро меҷунбонида бошад, ӯ ҳамин гуна ба ман назар кард.
-Мусолиҳа?!-ман, ки ин гуна пешниҳоди роҳбарияти заводро интизор набудам, бароям аввал андак аҷиб тофт.
Хомӯш мондам, намедонистам чӣ посух гӯям. Бо ишораи сар ба Наил зоҳир сохтам, ки ӯ чӣ мегӯяд.
-Ман намедонам, барои ман аслан фарқ надорад. Дар қонун пешбинӣ шудааст, ки аслан бояд тарафҳои муқобил метавонанд пеш аз қарори суд ба мусолиҳа оянд. Ман мехоҳам ин ҷо нуқтаи назари туро бифаҳмам, -худро андак гӯё аз умдагии кор дур гирифта, аммо ҳамоно дар асл хеле ӯ мутаваҷҷеҳи он буд, ки ман чӣ тасмим мегирам.
-Ҳеҷ гоҳ ба мусолиҳа розӣ намешавам,-нигоҳамро аз як нуқтае, ки дӯхта будам, нагирифта посух додам. -Онҳо имрӯз инчунин мегӯянду боз пагоҳ кор ба бузбозӣ табдил меёбад.
-Офарин, ман айнан чунин посухро мунтазир будам, -дасташро ба ҳам совида бо аломати аҳсант як қарсаки дасташ садо дод. -Ана ин гапи дигар, гумон доштам, ки ту ба мусолиҳа розӣ мешавӣ. Зеро медонистам, ки хеле асабат хаста шудаасту пешниҳоди эшонро барои раҳидан аз банди сарсонӣ қабул медорӣ. -маро дастгирӣ намуд Наил.
-Агар инсонигарӣ мекарданд, дар аввали кор, пеш аз ба суд гузаштани кор дар суди халқии шаҳри Исфара, ман албатта ба мусолиҳа розӣ мешудам. Аммо баъди он ки кор бисёр ба маймунбозӣ гузашт, ман наметавонам, ки мусолиҳа кунам. Агар онҳо қонунро ба таври худ эҳтиром мекунанду ҳама корро дар сатҳи қонун ҳал кардан мехоҳанд, ман розӣ. Ман ҳам акнун ҳақамро тавассути қонун мерӯёнам. Бе қарори суд ман ҳеҷ гоҳ ба ҷои корам барнамегардам,-бо қатъият сабаби рад кардани мусолиҳаро шарҳ додам.
-Ман бо ту сад фисад розӣ, ман ҳам намехоҳам, ки ба мусолиҳа розӣ шавӣ. Зеро ин идда зери забон боз ҳазор забони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё