Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

дигар доранд. Имрӯз ин тавр мегӯянду пагоҳ гуфтаашонро инкор месозанд.

Хуллас, ману ҳимоятгарам ба мувофақае омадем, ки мусолиҳаи эшонро қабул намедорем.

Суд дар рӯзи муқарраршуда баргузор гардид. Комиссияи вижаи суд муайян кард, ки ҳамагӣ чор имзо ҳаққонӣ будаасту боқимонда имзоҳо сохтакорона аз ҷониби созмондиҳандагони ин сиёҳнома ба ҷои дигарон имзо гузошта шудааст. Шармандагӣ аз ин беш намешавад. Пастфитратӣ аз ин зиёд нест. Қаблан дилам гувоҳӣ медод, ки ин сохтакории ҳамин се шермард ҳаст. Худованд басо адолатхоҳу адолаткор аст. Бо он ки инсоният ҳамеша дар такопӯи ҳақиқат бо ноумедиҳову сарсониҳо мувоҷеҳ мешавад, аммо ҳақ номи Парвардигор асту ҳамеша ҳақ ба ҳақдор мерасад. Ман имрӯз гуфтаи падарамро ба ёд меораму ҳамеша барои арвоҳи бузурги эшон дуо ва дар ҳаққи худ аз Худованд талаби сабр мекунам.

18 феврали соли 1993. Суд тамоми корро одилона ба фоидаи ман ҳал кард. Тибқи қарори суд ба вазифаи пештараам барқарор ва зарари ҷубронҳои прогули маҷбуриям аз маъмурияти завод талаб карда шуд. Зимнан аз ҷой якбора боло шуда, аз суд хоҳиш кардам, ки маблағи прогули иҷборӣ ва шикасти иқтисодиам аз маъмурияти завод рӯёнида шуда, ба интернати нобиноён, ки нав дар Исфара таъсис ёфтааст, гузаронида шавад. Муқобилонам аз шармандагӣ намедонистанд, ки чӣ кунанду сарашонро ба кадом девор кӯбанд. Боз онҳо шӯриданд, таҳдид карданд, ки парвандаро барои аз нав дида баромадан ба президиуми суди вилоятӣ шикоят мебаранд.

Дарвоқеъ Эшонову Солиеву Тӯхтаев ба Президиуми суди вилояти Ленинобод шикояти кассатсионӣ навиштанд. Шикояти кассатсионии онҳо санаи 26 феврали соли 1993 расо баъди ҳашт рӯзи қарори суд навишта шуд. Аҷиб ин буд, ки шикояти кассатсионӣ дар бланкаи маъмурии завод ба Президиум ирсол гардида, онҳо ба таври худ аз худашон ҳуқуқдонҳои дараҷаи аввал тарошида, тамоми қарори суди Конибодом ва нишондоду

пешина
аз 385
навбатӣ