Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
далелҳои асосноки ин суди босалоҳиятро бекор донистанд. Дар шикоятномаи тӯҳматангезашон низ ишора карданд, ки ман лоиқи мудирии кӯдакистон нестаму боз ноогоҳона дар ин тӯҳматномаашон бешармона навиштанд, ки гӯё дастури "Хишти аввал" дархури тарбияи кӯдакон нест. Хуллас дар шикоятнома ҳар чӣ ба майнаашон зад, ба қалам доданд. Аз президиуми суди вилоятӣ қотеъона хоҳиш карданд, ки қарори суди Конибодом рад карда шуда, даъвои ман бекор карда шавад.
Тибқи қарордод баъди баровардани қарори суди ноҳияи Конибодом бояд, ки президиум парвандаи маро таҷдиди назар мекард. Аммо иловатан, ки шикояти кассатсионии ин се "шермард" ба суд ворид гардид, мӯҷиби ҷиддитару возеҳтар рӯшанӣ андохтан ба қазияи парвандаи ман шуд. Суди вилоятӣ бори дигар мӯшикофона парвандаро аз назар гузаронида, ҳақ будани қарори суди халқии Конибодомро исбот ва минбаъд дар ин бора қабул надоштани шикояти кассатсионии ҷониби ҷавобгарро дар миқёси вилояти Ленинобод таъкид сохт. Ин аз як ҷиҳат онҳоро дар навиштани шикояти такрорӣ боз дошта бошад, аз тарафи дигар то андозае ғамзадаву малӯл сохт, ки ин бор аниқ намедонистанд дардашонро ба кӣ гӯянд. Ба фикрам дар умри сари онҳо ин нахустин бор шикасти эшон буд, ки пеш аз ин ҳеҷ гоҳ шикаст нахӯрдану ҳама ҷо гапгузариашон маълум гардид. Онҳо то ҳадде эркаву нозпарвард буданд, ки ҳатто қонунро дар аксари ҳолат ба инобат намегирифтанд, агар ба инобат гиранд ҳам танҳо дар сурати манфиатҳои хусусиашон мақбул медоштанд.
Аз ин хотир тири муқобилонам хок хӯрд. Инак, онҳо мурғобиҳои паршикастае буданд, ки на ёрои ҳаво паридан доштанду на қувваи дар об шино кардан. Судяи президиуми суди вилоятӣ Асроров шадидан худкомагиҳои онҳоро зери интиқод гирифт ва ҷабри як гурӯҳи калони шермардон дар ҳаққи як зани муштипареро камоли нотавонбинӣ ва ноҷавонмардӣ донист.
Баъди он ки қонунан бори саввум ба вазифаам барқарор шудаму ҳар рӯз бо сари баланд ба коргоҳам мерафтам, тавони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё