Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

буд, дар барномаи "Инсон ва қонун" бо барандагии бевоситаи прокурори вилояти Ленинобод Иззатулло Муҳаммадиев рафти мурофиаи суд ва пирӯ шудани ман дар ин талоши ҳақиқат ба таври такрор ду маротиба ба маҳрази бинандагон пешкаш гардид. Ногуфта намонад, ки Илҳоми Ҷамолиён марди ҳақиқатҷӯву адолатхоҳе буд, ки аз хабарнигорон Дадоҷон Норматовро ба ин кор масъул сохт. Ҳамзамон устод Лоиқ Шералӣ низ дар ҳамдастӣ бо Мирбобо Мирраҳим журналисти шинохта Усмон Шокирро ба ин кор ҷалб ва раҳнамоӣ карданд. Аз ин афрод ҳамеша сипосгузорам, ки дар талоши ҳақиқат ҳамеша паҳлӯи ман буданд. Дар ин барномаҳо қисман аз ҷараёни суди коллегияи вилоятӣ ва қисми дигар аз рафти суди халқии ноҳияи Конибодом ба таҳлили амиқ намоиш дода шуд. Ин ҳангома дар паҳнои Исфара сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Муқобилонам боз бештару бештар шикасти хешро зоҳиран набошад ҳам, ботинан иқрор шуданд, ки аз чеҳраашон ин маъниро хондан бароям душвор набуд.

Бо ин ба таври сунъӣ гургоштӣ (таъбири устоди равоншод Лоиқ) баъди барқарор шудан ба вазифаам аз моҳи феврал то ба моҳи апрел кор кардаму бас. Ман аз тасмими худ ба аҳли хонавода ва ҳамкорон ҳеҷ чиз нагуфтам. Аммо даруни дил ман алакай тасмимаро гирифта будам, ки аз кор меравам. Акнун қонунан аз кор рафтани ман маънии ақибнишинӣ ва тарсуии маро надошт. Баръакс, ман аллакай дар ин ҷода рисолати худро адо кардам, яъне бо талошҳои зиёд як нафар методисти тоҷик, як нафар мусиқинавози тоҷик, як нафар ҳамшираи тиб ва мудири анбори хӯрокро аз миллати тоҷик ба кор таъмин карда будам. Бояд, ки аз кор мерафтам. Зеро дар пеш маро қиссаҳои дигари аҷиби тақдири Худованд мунтазир буд.

Моҳи марти соли 1993. Наврӯзи гетифурӯз бо дамидани сабзаву гулу раёҳин, бо гулпӯшии дарахтону нозу карашмаи арӯси сол омад. Субҳгоҳон навои булбулому шилдироси оби чӯи деҳа ба кас ҳаловати булъаҷабе мебахшид. Дар ин фасли арӯси сол ман дар кӯдакистон бо нияту ормони нек деги суманак мондам. Волидони кӯдакону устодони илмам,

пешина
аз 385
навбатӣ