Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ҳамкорому занони рӯзгордидаи аҳли шаҳрро даъват кардам. Зери дафу чанг ҳама гирди ҳамдигар арғушт рафтанд. Навои "Суманак дар ҷӯш мо дафча занем" ба фазои кӯдакистон танин андохт. Бо он ки медонистам, ки баъди Наврӯз аз кор меравам, аммо ба касе аз аҳли ҳамкорон лаб во накардам. Ин охирин маросими хурсандии ман дар кӯдакистони №39 буд. Агар ман ин замон аз рафтанам эшонро огоҳ мекардам, иддаи ҷонибдорамро хеле андӯҳгин месохтам. Аз ин рӯ салоҳ донистам, ки ҳеҷе нагӯям.
Моҳи аввали баҳор низ паси сар шуд. Бо баробари даррасидани моҳи апрел аз тасмимам шавҳарамро огоҳ сохтам. Шавҳар дар таҷҷуб шуда:
-Агар аз кор рафтани бошӣ ман монеъ нестам. Зеро медонам, ки ин дасисабозиҳо хеле хастаат сохтааст. Аммо бо ин қадар даву тозҳо, ки дар талоши ҳақиқат буд, чаро аз кор меравӣ?,-ба рӯям нигоҳ карда пурсид.
Аз баҳсҳои пинҳонии Эшонову Солиеву Тӯхтаев гуфтам. Пайомади хуб надоштани талошҳои бадхоҳонаи эшонро шавҳарам низ мӯшикофона дарк карда, тасмимамро ҷонибдорӣ кард.
Даҳаи аввали моҳи апрели соли 1993. Ин субҳи солеҳон чун ҳарвақта бояд сӯи кӯдакистон мешитофтам. Аммо даруни сумкаам коғазеро партофтаму рост ба заводи гидрометаллургӣ, ба қабулгоҳи директор Абдуҷаббор Каттаев рафтам. Котиба маро диду салом кард. Гуфтам бояд ба ҳузури Каттаев дароям. Ӯ даруни дафтари кории директор бадар рафту пас тахмин ду дақиқагӣ берун омад ва маро гуфт, ки дароям.
Бо баробари даромадан Каттаев аз ҷояш боло шуду салому ҳолпурсӣ намуд. Ман ҳам гӯё ҳеҷ чиз нашуда бошад, гарм салом дода аз аҳволи эшон ҷӯё шудам. Баъди он ки маро ба нишастан таклиф намуд, ғайриихтиёр аз сумкаам коғази субҳ партофтаамро ба рӯи мизи Каттаев дароз кардам.
-Ин чист? - ба коғаз назар дӯхта истода Каттаев.
-Аризаи аз кор рафтанам, - оҳи сабук кашида посух додам.
-Нафаҳмидам, Муноҷотхон шумо шӯхӣ мекунед ё ҷиддӣ мегӯед? - нобоварона аз ҷояш нимхез шуда ба ман хитоб кард ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё