Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

-Хайр, як кӯшиш мекунам, агар қабул накунанд, аз ман хафа нашавед, - гуфту ба қабулгоҳи А. Ҳомидов равон шуд.

Ман ба худ омадам, ки тамоми аъзои баданам тарӣ шибер шудааст. Гуфтам, раваду ҳозир маро раис қабул кунад, бо ин гуна шамоил чӣ тавр ба ҳузураш медароям. Биё, бигзор қабул накунад, агар раис маро бо ин ҳол бинад, чӣ гумон мекунад. Дар дил тасдиқ кардам, ки ӯ маро пештар аз соати 9.00 қабул нахоҳад кард. Аммо хилофи тахминам, баъди 4-5 дақиқа ёвари раис аз қабулгоҳ бо чеҳраи кушод баромаду:

-Муаллима, дароед, ба раис аз куҷо будану ин қадар барвақт омаданатонро расонидам, он кас дарҳол розӣ шуданд, ки шуморо қабул кунанд, - ҳар ду кафашро ризомандона ба ҳам совида истода, хурсандӣ намуд ёвар.

Хиҷолат кашида, ба утоқи кории Абдуҷалил Ҳомидов даромадам. Баъд аз салому пазироӣ маро амри нишастан дод. Ҳолати ошуфтаи маро диду ба пурсиш даромад. Аввал андак дасту по хӯрдам, аммо оҳиста-оҳиста худро ба даст гирифта, он чӣ аз сарам гузашт ба таври мухтасар возеҳ баён доштам ва дар охир таълифи "Нури одамият"-ро низ ба самъи ӯ расонидам. Ҳомидов бо диққат маро гӯш карду хеле хомӯш монд. Сипас ба рақамчинии телефони ҷои кориаш оғоз кард. Пайхас кардам, ки ӯ ба Савриддинова занг зада истодааст.

Азбаски дар рӯ ба рӯи раис ва наздиктари телефон нишаста будам, овози он сӯи гӯшии телефон низ хеле рӯшан ба гӯшам расид. Овози занонаи "лаббай"-ро шунидам, ки бемалол ҳатто овози Савриддинова буданаш маълум гардид.

-Муаллима Савриддинова, шумо модари чанд фарзанд ҳастед? - бе ягон хел муқаддима ва бе салому ҳолпурсӣ савол дод Ҳомидов.

Савриддинова ҳам аз чунин саволгузорӣ дасту по хӯрда:

-Модари се фарзанд, ҳа раис худаш тинҷӣ-мӣ? - гӯён сабаби суоли Ҳомидовро пурсон шуд.

-Дар назди ман ҳам модари се фарзанд нишастааст, - нигоҳи хашмолудашро рӯи аппарати телефон дӯхта, бо ғазаб хитоб кард. - Чаро намемонед, ки кадрҳои хуб кор кунад? Як кадри

пешина
аз 385
навбатӣ