Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
болаёқат Муноҷот Исомаддинова ҳоло дар пешам ҳаст, - илова кард раиси вилоят.
Ин дам Савриддинова пеш аз он ки ба узру маъзуру баҳонаю сабаб пеш оварад, Ҳомидов омирона хитоб кард:
- Ман ҳеҷ чизро шунидан намехоҳам, ба шумо ду соат мӯҳлат, фармони ин касро бароварда, ҷои корашонро муайян месозед ва аз натиҷааш ҳатман маро огоҳ мекунед, вассалом, - гуфту гӯшии телефонро тараққос карда, ба ҷояш гузошт.
Баъди гузоштани гӯшӣ маро бо ду се ҷумлаи хуб дилгарм карду таскин дод ва ба ёвараш амр кард, ки ронандаро ёбад, то маро то автостансия бурда ба автобус нишонад. Дасти пеши бар ба Ҳомидов ташаккурамро баён сохта, бо ҳамроҳии ёвараш берун шудем ва бо мошини хизматии рангаш сиёҳ дар як они воҳид ба автостансия омада расидем. Дидам, ки автобуси самти Хуҷанд-Исфара нав ба роҳ баромаданӣ будааст. Бо як ишораи ронанда автобус манъ гардид. Азбаски мошини хизматии раисро масъулини автостансия хеле хуб мешинохтаанд, маро бо икрому иззат ба автобус шинонданд ва ҳатто раҳпулӣ ҳам аз ман нагирифтанд. Ҳарчанд ҳиҷолатзада исрор кардам, ки ҳаққи роҳро гиранд, аммо ягон тин ҳам гирифтан нахостанд.
Рост ба Исфара омадаму ба қабулгоҳи раиси шаҳри Гулафзо Савриддинова равон шудам. Ба қабулгоҳ ворид шудан замон аҷабам афзуд. Зеро он ҷо бо мудири маориф Бобохон Парпиев, ки дар сар чун ҳамешагӣ шляпа дошт ва муовини раиси шаҳр Содиқ Рустамовро вохӯрдам. Онҳо маро диданду бо саломи гарму ҷӯшон:
- Рафтем муаллима, ба ҷои коратон меравем, - гӯён маро бо як овоз аз қабулгоҳ ба берун даъват карданд.
Ман ҳайрон шудам ва хостам ба қабули Савриддинова дароям.
- Беҳуда кӯшиш накунед, Савриддинова шуморо хоҳед, нахоҳед қабул намекунанд, - С. Рустамов ба ман фаҳмонид.
- Ана фармони ҷои кори шумо, - гӯён варақаи фармонеро, ки Савриддинова нав ба тасвиб расонида будааст, ба ман нишон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё