Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

дода, сухани Рустамовро тасдиқ карданӣ шуда, рост ба чашмам нигоҳ кард Парпиев.

Ба варақ назар кардам, ки дар ҳақиқат фармони ман оид ба мудири боғчаи №31 баромадааст. Дар ҳол ба сарам зад, ки ин ҳамон кӯдакистонест, ки хеле ҳолаш табоҳу дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Аз ин рӯ исрор кардам, ки назди Савриддинова медароям. Ба котибадухтаре, ки бо карру фарр дар қабулгоҳ менишаст, хитоб кардам, ки даромада гӯяд ба раиса, ки ҳузураш медароям. Котиба пас аз чанд муддат берун шуду пайғом овард, ки Савриддинова маро бо ҳеҷ ваҷҳ қабул намекунад.

Пай бурдам, ки баъди занги телефонии Ҳомидов Савриддинова хеле ошуфта шудаасту боз тимсоли таъбири гургоштӣ фармони маро баровардааст. Пас аз муроҷиатномаи Аскар Ҳаким тавассути рӯзнома ба Савриддинова нисбат ба тарафгирии ибтикори ман, ин дуввумин корномае буд, ки раиси шаҳр маро аз пештара бештар шумтару бадтар дид. Ман ин гуна пешомадро интизор набудам. Аммо кори намешудагӣ аллакай шуд.

Парпиев ва Рустамов бо илтиҷо аз ман хоҳиш карданд, ки ҳамроҳашон ба боғчаи №31 равем ва корро аз ҳамин рӯз қабул кунам.

Мадорам хушк шуд, лоҷарам бо ин ду тан ба кӯдакистон равон шудем. Дар роҳ ман норизогии худамро нисбат ба ин фармон ба Парпиеву Рустамов баён доштам. Зеро хеле хуб медонистам, ки кӯдакистони номбурда таъмиру тармимталаб буда, афсурдаҳолу ба азнавсозии ҷиддӣ ниёз дорад.

  • Ман дастури "Нури одамият"-ро на ба он хотир навиштаам, ки аз паи таъмиру сохтмон бошам. Ба он хотир навиштаам, ки ин назарияро дар амалия татбиқ созам, - бо исрор ба дуи онҳо гуфтам.

Онҳо ҳеҷ чиз нагуфта, хомӯш буданро авло донистанд. Аммо маълум буд, ин бечорагон низ иҷрокунандае беш нестанд. Фармон фармон аст, онро бечунучаро бояд иҷро намоянд.

пешина
аз 385
навбатӣ