Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
қаҳваранг молида шудаасту миёнҷои долону хонаҳо аз даву този зиёди бачаҳо рангҳояшон хӯрда шудааст. Дари яке аз синфхонаҳоро кушодем, ки баробари во шудани дар, бӯи нафратзову дилбеҳузуркунандае моро пешвоз гирифт. Маълум шуд, ки аз таҳхона қубури ташноб кафида, оби ифлосу бадбӯи ғализи он ба хона баромадааст, ки ба чашм бемалол намудор мегардид.
Умуман ягон утоқи дилкашу ба талабот ҷавобгӯе набуд, ки андак он ҷо даромада нишинем. Курсии мизҳо дар ҳоли хеле хароб ба чашм расиданд.
Пешопеш С.Рустамов, ману Б.Парпиев аз қафо аз бино берун шудем. Онҳо бо дидани ин манзара, ки интизори чунин ҳол набудаанд, хеле дилгир шуданашон бароям маълум шуд. Ба берун баромадему:
-Муаллимҷон, илтимос маро фаҳмед, ҳолатро худатон дидед, ин ҷо имкони кор кардан нест. Тармиму таъмири он маблағи ҳангуфт ва меҳнати зиёдеро талаб мекунад. Ман ин ҷо ба кори таълиму тарбия машғул шавам ё ба меҳнату таъмир?-исроркорона қабули мудириятро рад кардам.
-Муноҷотхон, ором шавед, агар шумо ин ҷоро макони зебову гулгашт накунед, ҳеҷ каси дигар намекунад,- андешамандона, канда-канда ба сухан даромад Парпиев. Рустамов бошад, сарашро бо ишораи тасдиқ ва ҳамзамон афсӯс меҷунбонид.
-Ҳозир мудири собиқро ҷеғ мезанем, шумо аз он кас кӯдакистону дигар дафтароти коргузорию умуман корро дар ҳузури мо қабул карда мегиред,-якбора таъкид кард Парпиев.
Бо он ки исрор кардам, корро қабул намекунам. Аммо фармони раиси шаҳрро пеш оварда мегуфтанд, ки онҳо низ дигар илоҷ надоранд. Ман бояд қабул кунаму халос.
Ин дам ба ёдам расид, ки чаро маҳз ин кӯдакистонро Савриддинова ба ман супоридааст. Зеро ӯ қаблан ҳолати ин боғчаи бачагонро медонистааст. Ин як навъ қасоси Савриддинова буд, ки ӯ аз барои ман шуда аз раиси вилоят А.Ҳомидов танбеҳ шунидааст. Инак ӯ аз ман қасосашро гирифт. Баъд аз он ки ба қабули Ҳомидов рафтаму раиси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё