Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
вилоят қотеона талаб кард, ки Савриддинова бароям ҷои кор ёфта диҳад, ӯ аз ин пешомад ба бинияш хӯрда буд. Лаҳзае фара расида буд, ки ӯ бояд маро имтиҳон мекард. Савриддинова медонист, ки ман бо дидани ин ҳолати кӯдакистон дарҳол қабули кори онро рад мекунам. Аз ин хотир вақте Ҳомидов аз ҷои нави кори ман аз Савриддинова гузориш бипурсад, Савриддинова ҳам дастак карда хоҳад гуфт, ки "Исомаддинове, ки шумо ин қадар болаёқат мегӯед, дар ягон ҷо кор карда наметавонад, ин кӯдакистонро ба ӯ супоридем, аммо рад кард, дили ӯ ҷои серравганро мехоҳад"-гуфта шояд баҳона пеш меовард ва бо ҳамин ӯ метавонист рӯи маро дар назди ҳукумати вилоят сиёҳ кунад. Ин лаҳза барои ман сад фисад рӯшан шуд, ки ӯ маро ба дараҷае бад медидааст, ки "Аз мурдани ҷон, мехӯрам шалғами хом"-гуфта ба фармони худ мудирияти ин боғчаро супоридааст.
Ғарқи ин андешаҳо ба худ омадам, ки ҳанӯз Бобохон Парвиев аз ман қабули кори ин кӯдакистонро тақозо мекард.
-Ин тавр бошад, ба ман ду-се рӯз барои фикр кардан мӯҳлат диҳед, -чашмамро ба рӯи сангфарш, ки аз чор тарафаш ачириқ зада баромада буд, дӯхта, посух гуфтам. Ҳамзамон барои поксозӣ ду ҳафта мӯҳлат хостам. Масъулин низ бо фикри ман мусоидат карданд.
Ба хона омадам. Ростӣ намедонам, рӯз чӣ гуна бегоҳ шуд. Ҳар замон тааҷҷубам бештар аз он мешуд, ки чаро Савриддинова бо ин роҳ мехоҳад аз ман қасос бигирад. Не, не, наход раиси шаҳр аз мани як одами оддӣ ин қадар ниқор гирифта бошад? Боз худро таскин додам, ки байни ману Савриддинова ҳеҷ гуна муқобилат нест ва ягон сабабу асосе дар ин зимн набояд бошад. Ӯ вазифаи худашро иҷро кардааст. Танҳо фармон баровардаасту халос. Боз андешаҳои дарҳаму барҳам маро ба талотуми афкор печонид. Гоҳо амалкардҳои Савриддинова бароям мубҳам, гоҳо ҳисси қасосу ниқораш, гоҳо ҳамту оддӣ муносибати масъулонаи шаҳрдорияш ва гоҳо рақобати ноаёни байни ману ӯ маро саргарми андешаҳои дилгиркунанда сохт. То поси шаб хобам набурд. Сарам ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё