Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
дард даромад, кори дилам гоҳ сусту гоҳ тез шуд. Бо ин ҳама чӣ вақте хобам маро ғалаба кардааст, нафаҳмида мондам.
Хоби пурҳикмате дидам, ки то ба ин вақт ва баъди он чунин хоби ҳакимонае надидаам. Баъди ин хоб дарк кардам, ки олами рӯзгори ман аз файзи вуҷуди меҳрубонии Худованд саршор аст.
Дар хоб дидам, ки ҷасурона чархбол (вертолет) мерондам. Даруни чархбол худ танҳо будам. Аз боло ба замину киштзорҳо, дарёву кӯҳҳо бовиқор назар меафкандам. Аз боло ба поён назар дӯхтан бо чунин шиддати парвоз барои ам хеле гуворо тофт. Нохост чашмам ба марғзоре афтод, ки дилам хоҳиши фаромадан ба он марғзорро кард. Бидуни он ки ба чархбол фармон кунам, худ аз худ бе ягон мамоният чархбол бо идораи хости ман даруни марғзор поён шуду истод. Аз ростӣ дар умрам бисёр манзараҳои дилраборо дида будам. Чӣ дар воқеият, чӣ дар аксҳо, чӣ дар интернету дар наворҳои телевизор. Аммо ба ҳадде, ки ин марғзор зебоӣ дошт, дар умри сарам дар ҳеҷ ҷо надида будам. Аз чархбол фаромадаму ба гаштугузор пардохтам. Ҳар дарахт аз як дигарӣ фарқ доштӯ зеботар аз пешин буд ва аҷаб баргу шоҳаҳои назаррабое дошт. Гулу раёҳин низ бӯю гувороии хосе дошт, ки ин гуна бӯю нақҳатро ҳеҷ ҷо нашамидаам. Аҷибӣ дар он буд, ки дар ин марғзор бо касе аз одамизод вонахӯрдам. Хеле сайру гашт намудам ва ба як самт равон гардидам, то донам, ки охири марғзор куҷост. Ба нохост аз пеши роҳам як пирамардӣ нуроние баромад, ки миёни тутзори зебое меистод ва гӯё маро мунтазир буд, бо чеҳраи кушод гӯё пешвозам мегирифт. Ҳарчанд он пирамард ба якборагӣ ба роҳам падид омад, дар дилам ваҳму тарс умуман роҳ наёфт. Дар тан пироҳани сапеди дилкаш, риши сап-сафед мисли барф дошту дар сараш тоқии чустии гирдаш рӯймоли сиёҳу сапед печонида буд. Дар пешонияш таҷаллии нуреро мушоҳида кардам, ки офтоб пеши он хира тофт.
Ба сӯям бо меҳру мулотифат назар карду салом гуфт. Ман ҳам пиндоштам, ки ин пирамард боғбони ин марғзор ё посбони инҷост, алейк бар салом гуфтаму ҳолпурсӣ кардам. Симои ин мардро дар куҷое дидаам. Ё ба кадом мӯйсафеде, ки қаблан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё