Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

тиреза меистод. Пайхас кардам, ки ин курсӣ махсус барои занҳо гузошта шудааст. Дар паҳлуи ин курсӣ як мизи дигаре буд, ки болояш китобҳои зиёди қадимҷопи хатти форсидошта ба чашм мерасид. Хона чунон тозаву озода буд, ки дар деворҳои хона нақшу нигори оятҳои Қуръону ҳадис бо хатти арабӣ ва манзараи Каъба боз ҳусни онро дучанд мекард.

Беҷуръатона, бо ҳаё ва икроми вижа даст ба китфи росташон гузоштам ва зиёраташон намуда, баъд салом додам. Домулло як сарашонро бардоштанду боз ба замин дида дӯхта, алейк гирифтанд. Мушоҳида кардам, ки ҳатто салому одоби муошират ва суханпардозиашон ба падарам монанд аст.

Худро муаррифӣ кардам, ки чанде қабл бароишон номае фиристода будам. Чун домулло донистанд, ки муаллифи он нома аз аҳли Исфара ман ҳастам, аз ҳоламу корам гарм ҷӯё гаштанд. Калонзода одате доштанд, канда-канда, андешамандона ва хеле амиқ фикр карда, баъд ба ҳарф задан мепардохтанд.

Қиссаи рӯзҳои ахир ва хобамро пеши он кас баён кардам. Бахусус хобамро муфассал баён дошта, тақозои таъбиру тадбири хоб кардам. Домулло хеле сукут карданду ҳамоно нигоҳашонро аз рӯи нақши қолин набардоштанд.

  • Шумо қабули кори кӯдакистонро рад кардам гуфтед? - бо нармӣ баъди сукут ба гап дароманданд.

  • Бале, - андак ҷуръат гирифта посух додам.

  • Пиромуни кӯдакистон мазору ҳамзамон ҷои пур аз партову ифлосиҷост? - суол пеш оварданд домулло.

  • Оре, имкони пеш бурдани кори тарбия нест.

-Аслан духтарам, -истода-истода Калонзода ба хулоса даромаданд, -дар ҷамъияти имрӯза, дирӯза ва умуман башарият кам иттифоқ меафтад, ки нафари бомаърифате садри маҷлис мешавад. Бахусус имрӯз разолату нафрат ба ҳадди аълояш расидааст. Аз номаи қабливу сӯҳбати ҳозираатон дарк кардам, ки шумо инсони соҳибмаърифатед ва дастури тарбиявӣ ҳам навиштаед. Бисёр кори хайрро дар ҳузури Худованд ва бандагонаш иҷро кардаед. Инҳо (домулло

пешина
аз 385
навбатӣ