Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ишора ба масъулини ҳукумати шаҳри Исфара карданд. Н.И) коре кардаанд, ки бо ин роҳ мехоҳанд шуморо аз кори тарбия канора созанд. Аммо шумо зиқ нашавед. Насиҳати ман ин аст, ки шумо ҳатман кори ин кӯдакистонро қабул кунед. Иншооллоҳ мақоми шумо алорағми роҳи пеш гирифтаи эшон боз баландтар мешавад, ман бовар дорам. Зеро дар қабули кори кӯдакистон аз ҷониби шумо, ман низ ризоияту хоҳиши Худовандро эҳсос мекунам. Бояд қабул кунед,-Калонзода боз тавакқуф карданд.

Эҳсос кардам, ки ҳарфҳои домуллоро на гӯшҳои муқаррарии ман, балки гӯшҳои дили ман бо иштиёқ истимоъ мекунанд. Аз ҳарфҳои пурмаънии ин кони хирад, ба ваҷд омада, ихтиёрамро ба гуфтаҳои Калонзода супоридам ва ҳар чӣ гуфтанд, ҷону дилам қабул кард.

-Мард он кас, ки, -домулло ангушташонро мисли қалам ба рӯи миз кашида истода,-ҷои ноободеро обод созад, - хитоб карданд.

Ин гуфтаи домулло ба ҳикмати падари раҳматиам шабоҳат дошт, ки замоне аз ҷониби ҳукумати Исфара барои амҳавлиҷой доданд. Ин ҳавлиҷой то ҳанӯз хонаи зисти камина аст. Ба пеши қиблагоҳиам шикоят бурдам, ки аз сабаби пасту баландии ва шабоҳат ба дашти валангор буданаш, наметавонам он ҷо зиндагӣ кунам. Аз падар хоҳиш кардам, ки ба гирифтани ҷои дурусту муносибтаре кӯмак кунанд.

Падар низ он замон хоҳиши маро рад карда, тақозо карданд, ки ман бояд ин ҷоро обод кунам. Ва айнан ин суханро гуфта буданд:

"Мард он кас, ки ҷои ноободеро обод созад".

Оби чашмам равон шуд. Дилам ба риққат омад. Ин гуфтаи падарам, ки имрӯз аз забони ҳоҷидомулло Калонзода баъди солҳои зиёд такроран шунидам, маро водор кард, ки аз рӯи гуфтаи домулло амал кунам ва ҳарчанд миёншикану заҳматталаб аст, кори кӯдакистонро қабул кунам. Домулло маро панд медоданду ман бо ризоияти том даруни дил тасмим гирифтам, ки кори кӯдакистонро қабул мекунам.

Дилам хеле рӯшан шуд, ҳис кардам, ки суханҳои пурҳикмати

пешина
аз 385
навбатӣ