Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Калонзода маро хеле роҳат бахшид. Баъди фармони булъаҷаби Савриддинова ва бархӯрди он ки маро қабул накард, хеле хаставу озурда будам, инак дар ботинам масаррату хушҳолӣ ва хеле сабукиро эҳсос намудам.
Ҳангоми видоъ бисёр сипоси бекарони худро арз дошта, аз мулло Калонзода як хоҳиш кардам:
-
Ман баъди ин ҳарфҳои пурмазмун ва насиҳати падаронаи шумо корро қабул мекунам. Аммо як хоҳиши фарзандиёна дорам устод, - андак ба шарму ҳиҷолат ғӯтида гуфтам.
-
Чӣ хоҳиш духтарам? - табассум намуда пурсиданд домулло.
-
Хоҳишам ин аст, ки баъди тозаву озода кардани кӯдакистон ман конфронси илмӣ мегузаронам ва шуморо ҳатман даъват мекунам, ки ба Исфара ташриф оварда, дар конфронс иштирок мекунед ва аҳолии гирду атрофи кӯдакистонро талқин ба тозагиву напартофтани партовҳошон мекунед, - бо илтифот дархост намудам.
Калонзода табассуме пурмеҳре намуданду:
- Хабар кунед, Худованд ба рафтани мо розӣ бошад, ҳатман меоем, - гуфта, даст ба дуо кушоданд ва аз Худо ҳангоми дуо пурсиданд, ки ба ман дар ин ҷодаи пурзаҳмату тоқатшикан тавфиқу сабр ато фармояд.
Бо дили пур аз рӯшноӣ аз ҷой боло шудаму духтарвор рӯи ба падарам шабеҳи қозидомуллоро бӯсида, худоҳофизӣ кардам ва аз он ҷо рост ба Исфара баъди зӯҳр баргаштам.
Шабро саҳар карда, рост ба назди Бобохон Парпиев равон шудам. Гуфтам, ки корро қабул мекунам. Аммо ҳамон талаби ду ҳафта мӯҳлат кардам ва ҳамзамон тақозо намудам, ки барои рӯбучин ва берун кашонидани партовҳо кӯмаки маорифи шаҳр зарур аст.
Бо чунин азм қувваи тамоми кормандони кӯдакистонро ба ҳашари ҳамарӯза равона сохта, тозагиро аз саҳни ҳавлӣ ва мабразу дигар макони кӯдакистон оғоз кардам. Пиромуни сангфарши рӯи ҳавлӣ, ки ачириқҳои нозебо зер кардааст, комилан тоза намуда, рӯи ҳавлиро побел, партовҳоро ба як канор баровардем. Ҳамин тавр сар то по ҳамагӣ 19 притсепи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё