Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Эгамбердиев А. Бобоҷонов охири моҳи июни соли 2004 ба шаҳри Исфара омада, директори саристгоҳи Исфара Додохоновро бо "гуноҳ"-и он ки санаи 20 июн аз сабаби зиёд шудани мусофир ба самти Хуҷанду Конибодом ба ҷамъияти мо хаттӣ муроҷиат карда нақлиёт пурсида буд, ҷанҷол кард ва таъкид намуд, ки барои таъмини нақлиёт дигар ба "Наҷот" рапорт ва ё дархостнависӣ накунад, зеро раиси автовокзал ин ҳуқуқро гӯё надоштааст. Разолати аз ин бештаре нест. Бо роҳе нешро ба мо зад, минбаъд барҷало пайхас кардам, ки ин гуна турфа бо ҳар роҳу восита ниқорашонро аз ман мегирифтанд...

Барои фаъолияти ронандаҳои ҷамъияти "Наҷот" дар ҳама хатсайрҳо имкониятҳои васеъ вуҷуд дошт, аммо бо ҳар баҳона роҳ надодан ва нотавонбинии роҳбарони Ҷамъияти саҳомии МНА-35 ва масъулини соҳаи нақлиёти ҳукумати ноҳияи Исфара ва вилоят, инчунин роҳбару масъулини Идораи нақлиёти Хуҷанд маҷбур шудам ба шӯъбаи агентии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муроҷиат намудам. Боз соддагӣ намуда, умед баста будам. Вале аз ин мақомот заррае дастгирӣ наёфтам ва ниҳоят моҳи декабри соли 2003 бевосита арзамро ба сардори Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҶТ мӯҳтарам Р. Амиров расонидам, ки ба ҷавоби аризаам мутақобилан бо имзои муовини ин мақомот Наимов М. дар асоси мактуби № 8/66 аз 28.01.2004 посух гирифтам, ки мазмуни асосии ин мактубро мухтасаран рӯи коғаз меорам:

"Муқаррар карда шуд, ки дар ҳақиқат далелҳои дар муроҷиатнома овардашуда ҷой доранд ва бинобар аз ҷониби ашхоси вазифадори ин минтақа вайрон кардани қонунгузорӣ ва дастурҳои мавҷуда, рақобат дар соҳаи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ маҳдуд гаштааст.

Таҳлили муроҷиатнома аз он шаҳодат медиҳад, ки Шумо барои пурра амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳар гуна монеаҳо аз ҷониби Идораи нақлиёти Хуҷанд ва Ҷамъияти

пешина
аз 385
навбатӣ