Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

саҳоми МНА-35 дучор шуда истодаед ва Идораи нақлиёти Хуҷанд бо содир кардани фармонҳо ва фиристодани ҷавобҳои беасос моддаҳои 4, 6 ва 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол" инчунин ва моддаҳои 6, 12, 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" вайрон намудааст.

Ба мақсади бартараф намудани қонуншиканиҳои ҷойдошта, ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Суғд ва сардори Идораи нақлиёти Хуҷанд огоҳинома фиристода шуд.

Эътимод дорем, ки монеаҳои маъмурӣ минбаъд садди роҳи фаъолияти Шумо намегардад"

Муовини директор: /имзо/ Наимов М.

Ин гуна тафтиши Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҶТ дар муддати шаш моҳ ду бор баргузор гардид. Дар натиҷаи санҷиш ба хулосае омаданд, ки "Наҷот" ягон амали ғайриқонунӣ надошта, баръакс фаъолияташро дар чаҳорчӯбаи қавонини ҷории кишвар ба роҳ мондааст. Ягон камбудии ҷиддӣ ёфт нагардид. Хушбахтона Агентӣ мӯйро аз хамир ҷудо карда, роҳи моро кушода сохт. Ин мӯҷиби он шуд, ки аз Вазорати нақлиёт низ намояндагон омада, дар асоси санҷиш ва хулосаи Агентӣ моро ҷонибдорӣ намуданд ва хатсайрҳоро аз ҳисоби изофакунии реҷаи корӣ аз баъзе хатсайрҳо ба ҷамъияти мо низ реҷаи корӣ доданд.

Бо вуҷуди ин фишорҳо ҳанӯз ба чашм мерасид.

... Аз кашмакашҳои бемаънииву ноҷавонмардиҳои баъзе аз рақибонам ростӣ хеле хаставу рӯҳан шикаста шудам. Марҳум қиблагоҳиам мегуфтанд, ки агар инсон хаставу дилгир ва аз бардорузани зиндагӣ монда шавад, ҳатман ё кӯҳи баланд барояд ё ба шаҳри азиме ба сайр равад. Бо ин мақсад ман низ хостам барои рафъи хастагиҳои ҷисмиву рӯҳиям ба кӯҳи баланд ё шаҳре азим раваму дидан кунам. То ноҷӯриҳои рӯзҳои ахири зиндагиям маро басо дилтанг сохта буд.

пешина
аз 385
навбатӣ