Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Парвардигор ҳамеша дасти инояташро ба сари бандагонаш дароз медоштааст, ки на ҳама меҳрубониҳои пайвастаи Худовандро эҳсос мекунанд. Ният кардам, Худованд ба ният ама расонид. Аз овони ҷавонӣ орзу доштам, ки боре сафари сарзамини Эрон кунам. Ин буд, ки дар ин айём сахт ба сафар ниёз доштам, то асаби харобам барқарор гардад. Инак бо меҳрубонии Худованд сафари ман иттифоқ уфтод. Қабл аз он ки сафари Эронро ба нақл пардозам, сабаб ва мӯҷиби сафарамро бояд ин ҷо зикр кунам.
Соле қабл, аниқтараш моҳи декабри соли 2003 буд. Азбаски писари хурдиам Оятуллохон дар донишгоҳи Теҳрон таҳсил мекард, бояд ҳар замон барои таъмини ҷиҳати иқтисодияш либосворӣ ё маблағ бифристам. Инак, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе мунтазири як фарде ҳастам, ки ба Эрон сафар дошта бошад. Дар дастам сару либоси идона ва андак маблағ буд. Касе ба чашмам барнахурд, то ин амонатро супорамаш, ки бурда ба писарам таслим созад.
Пас аз чанд дақиқаи интизорӣ марди миёнақади ситорагарм дар даст як сумкаи сабук ва дар қафои ӯ марди тоҷик бо ду сумкаи калон ҷониби нишастгоҳи ман омаданду борҳояшонро назди курсии ман гузоштанд. Дар як лаҳза аз сӯҳбати онҳо фаҳмидам, ки марди тоҷик аз Хуҷанд будааст.
Марди эронӣ, ки ному насабаш Маҳмуди Сарвқадӣ будааст, аз мазмуни ҳарфаш маълум гашт, ки ӯ як моҳ зиёд дар Хуҷанд дар Донишгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафуров, факултаи таърих кори илмӣ анҷом доданист ва боз наздик ба ҷашни Наврӯз хоҳад омад. Ҳини сӯҳбат ному насаби чанд муаллимони ин донишгоҳро ба забон гирифтам, ки ӯ аз хурсандӣ ҷой намеёфт. Зеро устодоне, ки ӯ мешинохт, устодони ман будаанд.
Пас аз лаҳзае ӯ дар сӯҳбат ба боварии ман шомил шуду бо дил тасмим гирифтам, ки амонатро ба ин марди эронӣ месупорам, то ба писарам бирасонад. Оқои Саврқадӣ аз мақсади ман огоҳ ёфт ва бо як хушнудӣ ваъда кард, ки амонатиро ҳатман ба писарам мерасонад. Дар айни ҳол суроға ва шумораи телефонҳои ҷои кор ва манзиламро ба ӯ дода

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо