Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

надаро, ман ба ту ёрдам намекунам, - ба таҳдид гузашт.

Аз муносибати дағалонаи ин ду муовинони раиси шаҳр ҳуш аз сарам парид. Асабонӣ шудам, ҳатто мадорам набуд, ки ба назди Мамадҷонов бароям. Аз ин рӯ, ба ошёнаи сеюм баромаданро салоҳ надонистаму тариқи телефонӣ аз Мамадҷонов натиҷаи супоришро пурсон шудам. Ӯ ҳам супориши раиси шаҳр-намояндаи Сарвари кишварро нею суханони муовинонро тасдиқ кард. Ана ёбеду гиред. Як бому ду ҳаво. Раис супориш медиҳад, муовинон бошанд, ба супориш аз паси панҷаҳояшон менигаранд.

Ба прокурор А.Насриев муроҷиат кардам. Дар посух ӯ гуфт:

  • Муовинон дурӯғ мегӯянд, инҷо шахси манфиатдоре ҳаст, ки ҳама корро чигил карда истодааст. Хавотир нашавед, ҳатман ин масъаларо баррасӣ мекунем.

Бегоҳии он рӯз дар клуби идораи Тоҷикматлубот бо 87 нафар иштирокдорон ба муносибати Имоми Аъзам маҷлис гузаронидам. Аммо худписандиро бинед, ки аз муовинони раиси шаҳр касе ба ин ҷамъомади бошукӯҳ ва таърихӣ иштирок накард. Танҳо як нафар корманди БДА иштирок дошту халос.

Рӯзи 3 марти соли 2009. Субҳ боз ба назди Абдурофиев омадам, ки аз иҷроиши Амр пурсон шавам.

  • Ҳоло маълум нест, - кӯтоҳакак ва сардакак буд чунин посухи муовини раиси шаҳр. Баъди нисфирӯзӣ низ чунин посух гирифтам.

Рӯзи 4 март низ ду маротиба ба ҳукумат рафтам. Ҳеҷ кас ҳеҷ чизро намедонад. Ахиран рӯзи 5 март иттилоъ ёфтам, ки Амри раиси шаҳр тайёр асту танҳо имзо мондааст. Рӯзи 6 март ба ҳукумат омадаму дарак ёфтам, ки Амр имзо шудаасту дар дасти Раиси дастгоҳи ҳукумат Бурҳон Асадуллоев будааст.

Шодону тозон ба ҳузураш даромадам. Асадуллоев дар ҷавоби пурсиши ман гуфт, ки бегоҳ амрро омада гирам. Бегоҳии он рӯз ҷонишини директори ҶДММ "Наҷот" Н.Носирҷонов барои гирифтани амр ба назди Асадуллоев рафт, аммо бе натиҷа. Он бегоҳ ҳам амр дастраси мо нагашт. Асадуллоев гуфтааст, ки пагоҳ амрро мегиред.

пешина
аз 385
навбатӣ