Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Бахшида ба Иди модарон ман рӯзи 7 март ба Хуҷанд дар Кохи Рӯдакӣ дар ҷаласаи бошукӯҳ даъват шуда будам. Аз ин рӯ субҳ озими Хуҷанд шудам. Он субҳ ҷонишинам Носирҷонов Амрро гирифтааст. Аз хурсандӣ ҳатто ба коғаз чашм надавонида берун баромадааст. Аммо вақте дар берун назар медӯзад, ин амр ба тақсимоти асл мувофиқат намекард. Аз ҳама кори булъаҷаб ин буд, ки амр на мӯҳр дошту на имзо. Шояд таърих ин гуна ҳуҷҷатро дар ёд надошта бошад, ки ҷаноби Асадллоев ба мо пешниҳод карданд. Гумон мекунам, ҳатто дар ягон кишвари тоталитарӣ ин гуна ҳуҷҷат ёфт намешавад.

Аз Хуҷанд омадаму бо дидани ҳуҷҷат ҳуш аз сарам парид. Шавҳарам низ аз ин пешомад хеле ҳиҷолат кашиду аз масхараи навбатии Асадллоев дар хашм шуд. Шоми ҳамон бегоҳ ин ҳуҷҷати нопурраро ба назди муаллима бурдам.

Агарчанд раиси шаҳр асабонияти худро пинҳон дошт, аммо дарк кардам, ки хеле дар ғазаб аст. Аз ин гуна амалҳо, ки сиёсати пешгирифтаи ҳукумату президентро доғдор месозад, бовар дорам раиси шаҳр низ хеле хашмаш боло гирифт, лекин ба мо аён насохт. Воқеан, ин як лӯҳтакбозии масъулин буд, ки раиси шаҳр комилан бехабар буд.

Ниҳоят субҳи Рӯзи модарон - 8 март. Тибқи дастури раиси шаҳр, ки мебоист ин субҳ соати 8:00 ба ҳузураш мерафтам, расо соати 8 дар қабулгоҳаш ҳозир шудам. Раиси шаҳр бевосита худаш амрро дод. Амри ҳақиқии раиси шаҳр таҳти №30 аз 6.03.2009 дастраси мо гашту аз 21 нафар ронандагонамон 17 нафарашон ба кор таъмин шуданд.

Ин беҳтарин тӯҳфае буд, ки на танҳо ман, балки фарзандони ронандагонам хеле хушҳолу мамнун шуданд.

Ҳанӯз ба як соддагиву самимии худбор қоил мешавам. Шояд бархе хонандагон инро камоли худнамоишдиҳӣ донанд. Аммо бо тамоми масъулият иброз медорам, ки худнамоӣ не, балки ҳақиқати маҳз аст, ки худ шоҳид хоҳед шуд. Ман ин амрро метавонистам ба танҳо ба маъмурияти автовокзали шаҳри Исфара ва шӯъбаи нақлиёту коммуникатсияи ҳукумат

пешина
аз 385
навбатӣ