Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

нусхабардорӣ намуда ирсол дораму тибқи ин амр дар хатсайрҳои иҷозат дода шуда бемалол ронандагонам фаъолият баранд. Аммо ба хотири рақобати солим ва ҳамкориву самимият амрро нусхабардорӣ карда, тавассути танзимгарон ба ҷамъиятҳои собиқ МНА-35 расонидем ва даъват кардем, ки якҷоя ҷадвалҳои нави кориро мураттаб созему аз рӯзи 9 марти соли 2009 ба фаъолият шурӯъ намоем. Ин аст самимияти ман! Ҳол он ки нусхаи амрро ба МНА-35 бурдан ниёзе набуд. Таваҷҷӯҳ кунед хонандаи азиз, бубинед, ки онҳо ин нусхаи амрро гирифтанду чӣ кор карданд. Ба ҷои он ки итоат ба амр намоянд, аз субҳи 9 март сар карда, боз шуру мағали се ҷамъият дар саристгоҳ осмонкаф шуд. Ба ҷои муросо бо амри раиси шаҳр, бо роҳбарии сарварони се ҷамъият, инчунин ҳуқуқшиноси МНА-35 ва дигар мутахассисон дар саристгоҳи шаҳри Исфара ба қавле филми "Бригада"-ро намоиш додаанд. Аз дохили салони микроавтобусҳои хатсайри Сурх, ки ба ҷамъияти мо вобаста буд, маҷбуран мусофиронро фароварданд. Ин магар кам буд, ки баъзе аз мусофирони хатсайри Нефтободро ба муқобили фаъолияти ронандагони мо равона сохта, ду ҷонибро ба ҳарҳашаю парҳош оварданд. Бо овози баланд нисбати роҳбарияти ҷамъияти мо пичингпарронию ғайбат ва таҳдиду зӯроварӣ, хулоса бесару сомониро хуб ва ба дараҷаи боло ба роҳ монданд.

Ана ин буд самараи таманои ҳамкорӣ ва мусоидати пешрафти ҳамдигар аз ҷониби ман. Вобаста ба ин бесарусомониҳо аз сардори хадамоти давлатии ба танзимдарории нақлиёти шаҳри Исфара Ҳоҷиев дархост кардем, ки ӯ ду ҷониби даргирро ба мусолиҳат биёварад. А.Ҳоҷиев ҳам ин салоҳиятро бо ҳар баҳона аз сари худ дур сохт. Мо маҷбур шудем, тариқи телефонӣ бо маслиҳати директори генералии корпоратсияи шаҳри Душанбе С.Гулов ҷадвали ҳаракати микроавтобусҳои худро бо директори саристгоҳи шаҳри Исфара мувофиқа карда, фаъолиятамонро ба роҳ гузорем.

Ин буд, ки ҷониби ҳарифонам ба ҳукумати шаҳр шикоят

пешина
аз 385
навбатӣ