Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
бурдаанд, ки гӯё ҶДММ "Наҷот" хатсайрҳоро зӯран забт кардааст. 10 март бо даъвати сардори шӯъбаи ҳукумат соати 9:00 ба ҳуҷраи кории сардори шӯъбаи коммуналӣ Акрамов шахсан худи ман ва муовинам Носирҷонов ва сардори хадамот Аваз Ҳоҷиев ҳозир шудем. Худи даъваткунанда Акрамов набуд. Аз ин хотир вақте ба утоқи корӣ омадем, ӯ ҳузур надошт. Ӯ тариқи телефон иброз дошт, ки пас аз 5-10 дақиқа меояд, мунтазир бошем. Хулоса он рӯз ҷамъомад нашуд, ба он хотире, ки сарварони он се ҷамъият наомада, балки барои шикоят ба вилоят рафтаанд. Шикояташон боз чун сатри боло чунин мазмун дошт: "ҶДММ "Наҷот" ғайриқонунӣ хатсайрҳоро забт кардааст ва бе ҷадвали ҳаракат ронандаҳояш фаъолият дорад". Гӯё аз амри раиси шаҳр бехабаранд, онро надидаанд ва ҳоказо. Ҳол он ки тавре дар боло шоҳид шудед, мо нусхаи амрро бароишон ирсол дошта будем. Аз ҳама аламовар ин буд, ки амрро раиси шаҳр имзою мӯҳр карда буду моро боз ба ҳукумати шаҳр даъват кардаанд. Хулоса кардам, ки идораҳои зертобеи раиси шаҳри Исфара ба худкомагиву худбинӣ машғуланду барои намоиш дар ҳузури раиси шаҳр "ҳа, хуб" мегӯянду дар хилват кори дигар мекунанд.
Бар замми ин худ шоҳид будам, ки бо даъвою дархости роҳбарону масъулини се ҷамъияти ба шӯр омада сардори шӯъбаи хадамот А. Ҳоҷиев дар ҳузури Акрамов амри раиси шаҳрро ба онҳо расонида, барои муросо омадан даъват карда буд.
11 март. Шӯру ғавғоҳои гурӯҳи муташаккил оромӣ надошт, ба танзимгарону ронандагонаш низ таъсир карда буд, ки ҳамоно хилофи амри раиси шаҳр бо муомилаҳои бад ба ҳаракати ронандагони ҷамъияти "Наҷот" халал ворид сохтанд. Байни ронандаҳои ҷамъияти мо ва ҷамъияти мухолифин баҳсу мунозираҳои сахт ба миён омад. Дар ин вақт ронандагонро фаҳмидан мумкин буд, ки эшон иҷрокунандагонанд. Аммо аз ҳама аҷаб он буд, ки аз ҳукумати вилоят сардори шӯъба оид ба нақлиёт Қ.Усмонов, муовини сардори ИНХ Бобоҷонов пайваста занг мезаданд, ки гӯё ҶДММ "Наҷот" хилофи қонун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор