Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
фаъолият мекунад. Ҳол он ки худи ин роҳбарон хуб медонанд, ки ҶДММ "Наҷот" дар тӯли 7 соли фаъолияташ боре ҳам хилофи қонун амал накардааст ва найрангу сохтакориҳоро ҳам истифода набурдааст! Аламовараш ин аст, ки вақте ман ба шикоят меравам, онҳо гӯши худро ба карӣ меандозанд, аммо вақте рақибони ман лабашонро ба зӯр ба шикоят во кунанд, дарҳол лаббайкӯён аз вилоят ба ману масъулини автовокзал занг зада, кори моро ғайриқонунӣ эълом медоранд. Ин ҷо метавон ҳаммаслакиву ҳамраъйии се ҷамъияти нақлиётии Исфара ва ИНХ-ро пайхас кард. Воқеан, беҳуда чор мушт нагуфта будаанд, ки инак имон овардам, ки инҳо ҳама силсилаи як занҷиранд.
Шахсан худам ба сардори хадамоти давлатии ба танзимдарории нақлиёт А.Аминов тариқи телефон фаъолияти қонунӣ доштанамонро расонидам. Воқеан Аминов аз афроде буд, ки ҳамеша ба ҳақиқат талош меварзаду адолатро доимо ҷонибдорӣ мекунад. Инсони худогоҳест, ки аз чеҳраи гармаш низ ин сифатҳои хубро фаҳмидан мушкилӣ надорад. Ӯ низ дар телефон хеле афсус хӯрд, ки ҷамъиятҳои рақибонам саҳнаҳои пасипардагии зиёд доранд.
Барои баррасии шикояти эркаи даргоҳи ИНХ-се ҷамъиятҳои Шокиров худи пагоҳи ҳамин рӯз аз вилоят муовини аввали сардори хадамот Ш.Одинаева, корманди хадамот Ф.Мансуров, муовини сардори ИНХ А.Бобоҷонов ва сардори шӯъбаи хадамоти шаҳри Исфара А.Ҳоҷиев ба дафтари кории ҶДММ "Наҷот" омаданд. Бо як карру фарру шаҳомат ҳама вориди коргоҳамон шуданд. Мехостам ба онҳо ҳангоми даромадан ба утоқи кориам гӯям, ки "Эй абармардону таҳамтанон, пеш аз он ки сари қазияи пеш омада ангушти таҳлил задан мехоҳед, сараввал аз Сайфиддинову Шокировҳо нусхаи амри раиси шаҳрро пурсон шавед. Агар ӯ рад кунад, ба ҳукумати шаҳр дароед, бибинед, ки ман дар ин робита ягон кори ғайриқонунӣ надорам". Метавонистам бо ин далел онҳоро умуман ба даргоҳам роҳ надиҳам. Аммо аз бачагӣ, ки умуман ин гуна тарбияи дағал нагирифтаам, "меҳмон-атои Худо" гуфта, бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор