Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳушӣ пазируфтам. Тамоми ҷузъиёти ба амал омадаро он чӣ дар даст тибқи ҳуҷҷатҳо доштам, баён кардам.

Ҳарчанд ман ва шавҳарам Носирҷонов хостем аз ин комиссияи ба қавле бо салоҳият, ки оиди муносибатҳои ғайриқонунӣ ва бар хилофи амри раиси шаҳр амалкуниҳои роҳбарони се ҷамъият протоколе мураттаб созанд ва ё агар хилофи қонун ҷамъияти мо ҳаракат дошта бошад, чорае андешанд. Вале онҳо ин корро накарданд. Агарчанде ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оиди ҳафт моҳ инҷониб бо таври сохтакорӣ дар хатсайри Сурх ҶДММ "Танзим" фаъолият мебарад, пеш оварда бошем ҳам, ин комиссия чашм пӯшиданд ва худро ба нодонӣ заданд.

Соати 15:00 шуд. Роҳбарони чор муассисаи нақлиётӣ ва сардори хадамот Ҳоҷиев ба ҳузури муовини раиси шаҳр даъват шудем. Дар нишаст аз ҷониби Абдурофиев талаб карда шуд, ки амри раис бояд иҷро ва ҷадвалҳо низ мувофиқи якдигарфаҳмӣ тартиб дода шавад. Ӯ ин масъулиятро ба дӯши Ҳоҷиев вогузошт, ки мавсуф ба ин кор мусоидат намояд. Аммо боз ин "режиссёрони филми Бригада" аз таклифу супориш саркашӣ карданд.

Ниҳоят рӯзи 13 март Абдурофиев шояд шарм кард ва ё маҷбур шуд, ба он ҷадвале, ки қаблан мо бо иштироки раиси саристгоҳ мураттаб сохта будем, мувофиқат намуду тасдиқ кард. Ҳамзамон имзо ва мӯҳри ҳукуматро гузошт, ки як муддат дар ин асос мо кор кардем. Вале фаъолияти се ҷамъият бошад, қасдан дар асоси ҷадвалҳои ҳаракати худашон тасдиқ карда худсарона ҳаракати нақлиёташонро ба роҳ монданд.

Ин буд, ки тибқи ин ҷадвал ва амри раиси шаҳр мо ҳамагӣ бисту панҷ рӯз фаъолият кардему бас. Он ҳам бошад саргардониҳои зиёду кашмакашу ғавҷоҳои зиёдеро аз ҷониби рақибонамон ба сари овард. Гузашта аз ин тӯли ҳафт соли фаъолият, ки дар ҳар як ҳуҷҷатгузорӣ, ки шояд дар дигар шаҳру дигар мамолик як соат вақтро талаб кунад, аммо дар минтақаи мо ба ин гуна ҳуҷҷатҳои оддӣ камаш 150 рӯз масраф мешавад.

пешина
аз 385
навбатӣ