Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Танҳо ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирӣ ва пуштибонии соҳибкорон ба фикрам мазмуни онро надорад, ки як гурӯҳ соҳибкорони мансабдор ин дастгирии Сарвари кишварро ниқоб намуда, зери он фаъолият намоянд ва бо тарзи рақобати носолим фаъолияти дигар соҳибкоронро (ба мисли мо) маҳдуд созанд...

...Шаби 2 апрел хоб дидам. Яке аз душманонам барои қасди ҷони ман бо нақлиёти тамғаи Булдозер шабона маро сур кард. Ман аз тарси ҷон афтону хезон ба хонае паноҳ шудаам, ки гӯё он ҷо идора будааст. Такя ба кунҷи девор истодаам, ки Булдозер бо кафаш (кофшаш) сақфи хонаро ба задан даромад. Ҳар боре ки мезад, аз садои зарбаи он хона меларзид. Илоҷе наёфтаам, ки аз ин хонаи мӯҳлику марговар гурезам. Ҳамин лаҳза кафи Булдозер сақфи хонаро зада сурох карда шағалу лойи зиёдеро аз сақфи шикоф даруни хона рехт. Чунон шағалу лой бисёр буд, ки саҳни хона ба монанди теппа баланд гаштааст, вале аз сангпораҳо ягон ҷоям осеб надид. Аз хона берун шуда, рӯ ба гурез ниҳодам. Ба тарафи дасти чап тангкӯчае буд, ки ман он ҷо давидам ва меандешидам, ки ба ин тангкӯча Булдозер даромада наметавонад. Вале дар ними тангкӯча роҳ тавассути бӯрёҳо баста буд. Паси девори бӯрёгин овози баланди сагонро шунида, аз тарс оқиб гаштаам, ки мабодо сагон деворро пора карда ба ман ҳуҷум накунанд. Ба кӯчаи нисбатан калони дасти рост тарсутарсон давида баромадам, кӯча хеле торик буд. Ҳатто пеши пойро дида намешуд, тарсидаам, ки ҳозиракак Булдозер меояду маро пахш мекунад, вале овозе шунидам, ки Булдозер вайрон шудаасту чӣ бало задааст, ки ронандааш дар он ҷо дармондааст. Дигар аз он ҷо баромаданаш ғайриимкон буд. Ҳамин лаҳза рӯшноиро дар зери поям дидаам, боз тарс вуҷудамро фаро гирифт, ки ин рӯшноӣ шояд аз ҷониби душманам аст, ба атроф нигоҳ кардам, аммо касеро надидам. Вақте ба осмон нигаристам моҳи шаби чордаҳро дидам. Моҳ чунон калон ва равшан буд, ки чашм хира мешуд. Моҳ ба

пешина
аз 385
навбатӣ