Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

андозаи як қади шамшер аз сарам боло меистод. Аз меҳрубонии Худованд шукргузорӣ кардам. Нохост ба либосам назар кардам, ки куртаи наботранг ва дасту пойҳоям лойолуд буд. Об кофтам, ки андак худро аз ин ифлосиҳо тоза кунаму баъд ба шаҳр дароям. Боз ин лаҳза бо каромати Худо аз ҷониби моҳ тавассути он рӯшноӣ об ба сару рӯям рехт. Об хеле тозаву зебо буд. Дасту рӯямро шуста, либосамро тоза кардам. Аҷоибаш он буд, ки бо кафи дастонам обро пур карда, либоси танамро тоза кардаму аммо, намӣ ва тарӣ ба баданам намерасид. Дар ҳамин лаҳза бедор шудам. Як рӯзи дароз ба тадбири ин хобам андешаам банд шуд. Бо гувоҳии дилам боз дар пеш як фалокатеро медидам...

...Ҳамаи беадолатии рақибонам бас набуд, ки се ҷамъият аризаи шикоятӣ навиштанд. Дар ин росто санаи 4 апрел аз Вазорати нақлиёт, масъулини ҳукумати вилоят ва собиқ ИНХ, хадамоти нақлиёти вилоят, сарвари тозаинтихобгаштаи КВД бо сарварии сардори департаменти нақлиёти заминии вазорат А. Юсупов ба ҳукумати шаҳри Исфара омаданд. Аз соати 15 то соати 2-и шаб расо дувоздаҳ (!) соат дар кабинети раиси шаҳр маҷлису машварат ва баҳсҳои дарҳаму барҳам рӯ зад. Аз мазмуни суханронӣ ва муомилаи Юсупов, ки дар сухани ифтотоҳӣ сураи фотиҳа хонду андак амри маъруф намуд ва сониян "ҳа муаллима чӣ хел кунем, ки шуморо сер кунем." аввал ҳайрон, баъдан хеле шарманда шудам. Баъди ин ҳарфаш фаҳмидам, ки Юсупов низ бо ҳамроҳи комиссия мақсади асосиашон бо пуррагӣ қонеъ кардани арзу даъвои се ҷамъият будааст. Эшон ба мақсадашон расиданд. Амри раиси шаҳр бекор гардид. Намедонам чӣ асроре буд, ки раиси шаҳр М. Б. Ёқубова низ якбора ҷомаро чаппа пӯшиду бо пуррагӣ муқобили ман сухан ронд. То ҳол бароям номаълум, ки чаро ӯ баъди омадани комиссия чунин вожгуна ба амри худаш нигоҳ кард.

Тахминан соат 1-и шаб буд. Бегуноҳ муттаҳам гаштан маро бисёр азият доду эҳсос кардам, ки вазъи саломатиам бад шуд. Аниқтараш фишори хунам хеле баланд шуд. Бо даъвати намояндаи вазорат Машарипов, ки инсони хеле заминиву

пешина
аз 385
навбатӣ