Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
гуфтугузор намудааст. Дар мақола масъулини заводу маориф ва ҳукумати шаҳри Исфараро чунон аз об гирифта ба хок задааст, ки ба фикрам ин гурӯҳ то ба ин вақт зарбаи сахтеро ба сарашон нахӯрда буданд.
Бо ҳамин ман муваққатан то ба оғоз кардаи суди халқии ноҳияи Конибодом тибқи қарор ва таъиноти президиуми суди вилояти Ленинобод ба кор шурӯъ кардам. Аммо чун вобаста ба ҳаводиси рӯзҳои охир хеле аз даву тозу бедорхобиҳои паи ҳам ва азобҳои рӯҳӣ заҷри равонӣ кашида будам, ба рухсатӣ баромадам. Бар замми ин, аз рӯи ҷадвали солонаи кориам фурсати рухсатии меҳнатиам фаро расида буд. Рухсатии меҳнатӣ гирифтам. Аммо қаблан медонистам, ки дар набудани ман ин ҷо дасисаҳои наве аз ҷониби муқобилонам сар хоҳад зад. Тахминам хато набаромад. Эшон дар набудани ман бо арзу шикоят то ба ҳукумати шаҳри Исфара рафтаанд. Баҳона ва дастаки беҳтарини онҳо ҳамон мақолаи "Исёни духтари Ибни Ямин"-и Усмон Шокир дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" будааст, ки дарк кардам ба ҷароҳати онҳо намак пошидааст.
-Исомаддинова тамоми журналистонро харида гирифтааст, ана бинед дар борааш дар нашрияи бонуфузтарини ҷумҳурӣ мақола чоп шудааст. Агар журналистон зархарид намебуданд, чаро дар раванди суд барои ҳамовозӣ бо Исомаддинова бисёр журналистон иштирок меварзанд?-бо ҳарорат пеши ҳукумати шаҳри Исфара шикоят бурдаанд.
Ҳамин тавр дар набудани ман, дар сатҳи ҳукумат бо иштироки бисёр аз мақомдорони давр мақола баррасӣ шуда, ба хулоса омадаанд, ки ман миллатгарояму мехоҳам дар вуҷуди наслҳои оянда ҳиссиёти русбадбиниро барангезам. Ёбеду гиред, хулосаи ҳукумат ин аст. Дар ҳоле, ки ман ҳамеша пуштибонӣ аз забони модарӣ-тоҷикии дарӣ мекунам, онҳо маро бо чунин гуноҳе муттаҳам мекунанд, аҷаб хандаовар ва ҳайратбарангез буд. Аз оғили холӣ, гови шохзан беҳ гуфтагӣ барин, онҳо низ аз наёфтану набудани далели воқеӣ, маро бо ҳамин гуна далелҳои бофтаву сохта гӯё ба таври хеш айбдор карданд. Ман худсафедкунӣ намекунам, зеро Худованд шоҳид

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё