Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
аст, ки он чӣ ман ин ҷо мегӯям. Ҳар кас ҳатто ба як ҳарфи кӯчак гуфтааш пагоҳ дар ҳузури Ҷалоли Парвардигор посух хоҳад гуфт. Ман ҳам, онҳо ҳам.
То ин замон аризаҳои шикоятии дастаҷамъона ба мақомоти болову поён алайҳи ман ва аз ҷиҳати мақолаи номбурда борида будааст, ки нусхаи ҳар яке онҳо тавассути дӯстонам ба ман дастрас шудааст. Эшон мактуби шикоятӣ ба унвони президиуми суди вилояти Ленинобод низ навиштаанд, ки гӯё қарори суди вилоятӣ ноодилона сурат гирифтааст.
14 январи соли 1993. Ҳаво хеле сард, шамоли хунук рӯи касро лесида, таги пой аз барфу сардиҳои рӯзҳои охир яхчаи лағжон буд. Суди халқии ноҳияи Конибодом имрӯз бояд дар асоси қарори Президиуми суди вилояти Ленинобод ба кори худ оғоз мекард. Тибқи номаи даъвати ману адвокатам Наил Акчурин расо соати 8.00-и субҳ ба суд ҳозир шудем. Аз бистари беморӣ, ки нав бархоста будам, ҳанӯз ба худ комилан наомада будам. Сулфаи гулӯгир сахт азобам медод. То ҳадде сулфаам шадид буд, ки гоҳо роҳи нафасам гирифта, мадори дасту поям мерафт.
Котиби суд моро истиқбол гирифту ба дафтари қайдаш номнавис кард.
-Ҳамаи ҷавобгароне, ки даъватномаи судӣ гирифтаанд, ҳамин ки омадаанд, корро оғоз мекунем, -бо мулоимӣ фаҳмонид котиби суд, ки ҷавонмарди хушзабони чеҳракушод ва мӯи шоназадаи ботартиб дошт.
Ман сабру қарорам аллакай рафта, гоҳ дарун медаромадам,
ва гоҳе беруни суд мебаромадам. Роҳи ҷавобгаронро мепоидам. Наил бошад аз сулфаҳои бардавоми ҷонкоҷи ман парешон шуда, аз паҳлӯям дур намерафт. Аз ҳолам самимона пурсида истод.
-Муаллима, аҳволат хуб нест, фикр мекунам, саломатиатро хуб барқарор намуда, баъд ба судбозиҳо машғул мешудӣ, беҳтар мебуд. Худо медонад ин суд шояд чанд рӯз давом кунад, ба ту дилам месӯзад -ғамхорона бо ман илтифот кард Наил Акчурин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё