Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
бошанд,-бо тааҷҷуб пурсид Д.Норматов,-чӣ беинсофист. Охир шумо чӣ гуноҳ доред?
-Дар рафти суд аз гуноҳам огоҳ хоҳед шуд,-бо як аламу оҳи пур аз дард кӯтоҳакак ҷавоб додам.
Журналист дид, ки ҳолам ба гиря наздик аст, дигар пурсиданро салоҳ надонисту хомӯш монд.
Инак ба оғози суд дақиқаҳои бошумор монда буд, ки Акчурин маро кофта ба берун омад. Маро ба канорае бурду аз қоидаву муомилот ва тарзи сухангӯй дар судро мӯъҷаз баёнам кард. Аз ман дар ҳолатҳои ҳуҷуми рӯҳии муқобилонам сабру тамкин тақозо кард ва ҳушдорам дод, ки асабӣ нашавам ва оромиро ҳамеша нигоҳ дорам.
Дар ин лаҳза журналист Усмон Шокир ва муҳаррири яке аз барномаҳои телевизиони ҷумҳурӣ ва инчунин наворбардорон расида омаданд.
Усмон Шокир ҳузурам расиду ба ман рӯзномаи "Ҷумҳурият" нашр аз 23 декабри соли 1992-ро дароз кард.
-Рӯҳафтада нашавед, ана ин газетаро гирифта хонда истед, ин ҷо ҳамаи номаъқуливу ноҷавонмардиву ноадолатиҳои муқобилонатон ҳаст, бо факту далел исбот шудааст. Ман ба назди раиси суд даромада иҷозати иштирок дар судро гирам, баъд боз сӯҳбат мекунем,-гуфту вориди утоқи қабулҳои раис шуд.
Ман, қаблан шунида будам, ки мақола дар бобати ҳамовозии ман дар "Ҷумҳурият" баромадааст, аммо бо сабаби бемориам натавониста будам, ки онро дастрас кунам. Аз ин рӯ, ғайриинтизор ба дастам омадани рӯзнома маро мутаҳаййир ва аз як ҷиҳат хеле хушҳол кард. Дар ҳақиқат бо унвони "Исӯни духтари Ибни Ямин" мақолае буд, ки ҳарисона варақ зада ба хондан шурӯъ кардам. Ростӣ, то ин дам худро хеле ҳазину шикаста эҳсос мекардам. Аммо бо инояти Худованд дар дилам нури масаррати илоҳӣ падидор гашт. Дилам моломоли фараҳ ва нури умед шуд. Ногоҳ пайхас кардам, ки байни Солиеву Эшонов, Тӯхтаеву Зайцев ва дигар ҳаммаслаконашон пичир-пичир ба амал омад. Аз ташрифи журналистон Дадоҷон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё