Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Норматову Усмон Шокир ва чанде дигар онҳо ба изтироб омада буданд. Ҳатто ранги рӯяшон тағйир ёфта буд, ки девори сап-сафеди судхона барин метофт. Байни ҳам норизогӣ баён мекарданд, ки муқаррар мазмуни эътирозро дошт.
Ниҳоят суд оғоз ёфт. Пас аз эълони ифтитоҳи баррасии парвандаи мазкур судя аз мо ва ҷавобгарон пурсид, ки ягон таклифу пешниҳоде дорем ё не.
Эшонов ҳадаҳа аз ҷояш боло шуду мактуберо ба раиси суд нишон дода, пешниҳод доштани худро бармало кард. Раиси суд онро гирифту андак хомӯшона назар дӯхту бо овози баланд қироат кард:
"Ариза ба номи раисикунандаи суд Мазбутов. Мо Тӯхтаев, Солиев, Эшонов намояндагони ҷавобгар оиди кори Исомаддинова нисбати дар мурофиа ширкат варзидани намояндагони матбуот эътироз баён менамоем, чунки ба ин восита ба рафти кори суд таъсир расонида мешавад. Намояндагони матбуот аз тарафи Исомаддинова яктарафа даъват шуда, табиист, ки беғаразона нест. Ба маълумоти мо то ин вақт дар ягон мурофиаи судӣ намояндагони матбуот иштирок накарда буданд ва ҳеҷ кас аз ягон чиз хавф набурда, фикрҳои худро озодона баён мекард. Бинобар ин хоҳиш мекунем, намояндагони матбуот толори судро тарк намоянд.
Бо эҳтиром: Тӯхтаев (имзо), Солиев (имзо), Эшонов, (имзо). сана: 14.01.92".
Раиси суд дар ин бора фикри машваратчиён, прокурор, инчунин моро пурсид. Ҳама талаби ҷавобгаронро тибқи қонун ноҳақ шумориданд.
Онҳо даъво пеш оварданд, ки иштироки журналистон ба рафти кори судӣ халал мерасонад. Гӯё журналистон аз рӯи даъвои муқобилони ман ғайриқонунӣ будааст. Раиси суд қонуни махсус "Дар бораи телевизион ва радио" ва қонун "Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма"-ро бо санадҳои қотеъ нишон дода қироат кард, ки сар то по ҳузури журналистонро дар мурофиаи судӣ ҷонибдорӣ мекард.
- Ягон хел иштироки журналистон ба рафти мурофиаи судӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё