Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

халал ворид намесозад ва онҳо аз рӯи қонун ҳуқуқ доранд дар ин мурофиа иштирок кунанд, - бо тундӣ раиси суд ба муқобилони ман хитоб кард.

Баҳузур тамошо кардам, ки тири Эшонову Тӯхтаев ва Солиеву Диброва ва Ольга Петрова хок хӯрд. Ин ҳарфҳои раиси суд ба даҳони онҳо қабзаи хокро солид. Зеро, онҳо пеш аз ин худкомагиҳо намуда, ҳар коре, ки ба салоҳияту манфиати худашон буд, ба таври худ қонунӣ меҳисобиданд. Ҳол он ки қонун чистро намедонистанд ва қонунҳои кишварро сарфаҳм намерафтанд. Ин лаҳза диданд, ки бо қонун бозӣ карда намешавад, лоҷарам сукут варзиданд.

Раиси суд баъди сукути эшон боз ба сухан даромад:

  • Рафиқон, ин таклифу талабномаи шумоён ғайриқонунӣ аст.
    Охир ин суд, суди кушод аст, ҳар хоҳишманде, ки дар ин суд иштирок кардан хоҳад, ҳуқуқи ӯро касе поймол карда наметавонад. Ба ғайр аз ин, журналистон дар асоси аризаи даъвогар ин ҷо омадаанд. Онҳо мактуби раёсати редаксияҳояшонро низ бо худ доранд, ки вобаста ба вазифаашон ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

Он се нафар ҷавобгар ба эҳсосот дода шуда, ҳатто фаромӯш карданд, ки дар куҷо нишастаанд. Ҳар се баробар аз ҷой хеста бе навбату бе иҷозат таклифҳои худро пеш гузоштанд ва қотеона талаб карданд:

  • Шумо мӯҳтарам раиси суд, агар зери таъсири матбуот намонда бошед, илтимос ин талаби моро ба ҷо оред. Худатон қазоват кунед, Исомаддинова бо кадом роҳҳои шиносбозӣ ба мақсад расидани аст. Ин чӣ гуна кор будааст, ба ҳимояи як Исомаддинова ду журналист ва якчанд намояндаи матбуот аз вилояту пойтахти кишвар меомадаанд? - ду по дар як мӯза карда, Эшонов исрор намуду Солиеву Тӯхтаев рост истода ҳарфҳои ӯро ҷонибдорӣ карданд ва тӯтивор ҳар чӣ ӯ мегуфт, такрор ба такрор ба забон меоварданд.

  • Агар журналистон толори судро холӣ накунанд, мо холӣ мекунем, - оби даҳонашро ба чор тараф пош дода, ба таҳдид гузашт Солиев.

пешина
аз 385
навбатӣ