Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар ҷаҳон оби ҳаёте ҷуз шароби пок нест.
Сар ба сар пуч аст, зоҳид маслаки деринаат,
Чашм во кун, он ки меҷӯӣ дар афлок нест.
Зоҳидо, то чанд аз маъшуку май манъам кунӣ?
Пайрави пири муғонам, кор бо тарёк нест.

Кай гуфтамат партави базми дигарон бош?
Эй шӯъла, ба сӯзи моҳам нигарон бош!
То кай чу ҳумо чатр ба раъси дигаронӣ?
Гул бош ба парвози ҳазорат нигарон бош,
То чанд ҳаме мардумаки дидаи ғайрӣ?
Эй марҳами биниш, назари беназарон бош!
Мурдем ба зиндони ғамат, лаб накушудем,
Эй тӯтии ширинсухани мо, ба фигон бош!
Соғаркаши танҳои ҳарифони хаёлист,
Соқии сари маҷлиси хунинҷигарон бош!
Ангури сари ток нашуд рафъи хуморе,

Мамнуни аракрезии ин кӯзагарон бош!
Дар ҷавфи садаф нархи гуҳарро нафизоянд,
По ба сари ин дида неҳу тоҷи сарон бош.
Шоҳини асорат сари ҳар кӯй нашинад,
Дил бурдай, дил додани худро нигарон бош!
Пайрав, зи чи муфт ин ҳама дурдона фурӯшӣ,
Мағбун кунадат, ҳазар аз насягарон бош! 1925
Тазмини ғазали Рӯдакӣ

Инак, он номеҳрубон ояд ҳаме,
Боз он сарви равон ояд ҳаме.
Медамад бӯи хуш аз анфоси ӯ,
Дар равони мурда ҷон ояд ҳаме.
Сохили Ому фазои дилкашаш,
Дар назар хулду ҷинон ояд ҳаме.
Оби Ҷайхун бо ҳама ҷӯшу хурӯш,
Ҳамчу шӯҳе саркашон ояд ҳаме.
Моҳиёнаш ҳамчу охуи Хутан

пешина
аз 343
навбатӣ