Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Гоҳ аёну гоҳ ниҳон ояд ҳаме.
Пайрав аз тазмини он устоди назм
“Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме”.
Солҳо дар иштиёқи он рухи зебоятон,
Орзуманди мазоки шакарин лабҳоятон.
Бе рухат дар бӯтаи ғам сӯхтам, эй бевафо,
Мубталои хатту холу зулфи анбарсоятон,
Рӯи зебоят чунон сурх аст аз саҳбои ноб,
Рӯзу шаб масти хумори соғари саҳбоятон.
Нест тоқат пеши рӯят ошиқонатро даме,
З-ин сабаб маҷнунсифат дар кӯҳу ҳам саҳроятон,
Қоматат сарв аст, рӯят гул, лабат оби ҳаёт.
Ман асири қадду рухсори дами Исоятон.
Лаб агар баҳри такаллум во кунӣ аз рӯи лутф,
Ман фидои он лаби лаъли гуҳарафзоятон.
Як назар бар ҳоли зори Пайрави муштоқ кун,
Борҳо дар иштиёқи он рухи зебоятон.
Қалам
Қалам устоди достони ман аст,
Қалам озода тарҷумони ман аст.
Ба қалам рози дил намудам фош,
Қаламам маҳрами ниҳони ман аст.
Гарчи дар зиндагӣ хомӯшам, лек
Қаламам қосиди баёни ман аст.
Безабонӣ нишони марг аст,
Қаламам нест, балки ҷони ман аст.
Ба адӯ гӯй, хон, бипарҳезҷӯй:
Қаламам дашнаву синони ман аст.
Манам аз пайравони хомаи сурх,
Қаламам шоҳиди замони ман аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё