Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
МИРЗО ТУРСУНЗОДА
(1911 – 1977)
Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин водия (деҳа) буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи ӯ қашшоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар Қаратоғ мактаби нави советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе ва солҳои 1926-1927 дар Донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шуъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омад ва роҳбарии бахши драматургияро бар ӯҳда дошт. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид. Аз соли 1943 то соли 1946 ба ҳайси сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқии ҶШС Тоҷикистон фаъолият кард. Аз соли 1946 то охири ҳаёти худ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии Мирзо Турсунзода ниҳоят бузург аст. Вай намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, узви Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Кумитаи советии ҳамраъии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, узви ҳақиқии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё