Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Ғуррандатар гардӣ зи барқ
То ба душман ҳамла орам,
Решааш буррӣ зи беҳ
То расӣ,
Манхус — анҷарро кунӣ бешоху барг!
Як ҷаҳон ишқи Ватан дорад дили халқи азим, То ватанро дӯст дорад, дӯст дорад то абад.
Сад ҷаҳон нафрат ҳам аз баҳри разилони фашизм, То фашистонро кунад бо нафраташ гӯр оқибат!
Чун Ватан мардона дар ҷанг омадааст, имрӯз ман ин ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!
Чун ман ин сон байни майдон пурдилу фирӯзманд, Дорадам имрӯз аз ҳаррӯза ёрам дӯсттар:
Он на ман бошам амон бидҳад ба душман мушти ман, Он на ман, к-ин дам фитам дар фикри кори дигаре.
«Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман, Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре».
Вақти он аст,
Эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст,
Эй сухан,
Ғуррандатар гардӣ зи барқ!
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи беҳ
То расӣ,
Манхус — анҷарро кунӣ бешоху барг!
Рӯят чу маҳ аст, лек бо ин ту маноз,
Зебост қадат, вале ба ин фахр масоз.
Ҳар гоҳ шавад Ватан зи корат мамнун,
Он гоҳ бигӯ, ки табли шодӣ бинавоз!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё