Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Шарқи озод» (1950), «Қиссаи Ҳиндустон» (1947), «Садои Осиё» (1957), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури офтоб» (1964), достони «Аз Ганг то Кремл» (1970) ва ғайра хеле хуб тасвир ёфтаанд. Соли 1960 Ҳукумати шӯравӣ хизматҳои барҷастаи шоирро ба назар гирифта, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» ӯро бо Ҷоизаи Ленинӣ ва соли 1964 барои достони «Ҷони ширин» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз мегардонад. Фаъолияти тарҷумонии Мирзо Турсунзода низ самарабахш мебошад. Адиб як қатор асарҳои А.С.Пушкин, Т.Г.Шевченко, Н.А. Некрасов, Самад Вургун, Зулфия, Анатолий Сафронов барин қаламкашони варзидаи халқҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравиро бо маҳорати баланд тарҷума намудааст.

Маҷмӯаҳои шеър ва достонҳои “Писари Ватан” (1942), “Арӯс аз Москва” (1945), «Қиссаи Ҳиндустон» (1948), «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Ҳасани аробакаш» (1954), «Садои Осиё» (1956), «Чароғи абадӣ» (1957), «Ҷони ширин» (1963), “Аз Ганг то Кремл” (1967) ва дигар маҷмӯаҳо маҳсули эҷоди ӯст. Мероси адабии Мирзо Турсунзода ба якчанд забонҳои мамолики хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Мукофоту Ҷоизаҳо

Хизматҳои Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири пешқадами замон ва арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон, давлатии ба номи Ленин ва байналмилалии ба номи Неҳру қадр карда шудаанд. Ӯ сазовори ҷоиза ва унвонҳои:

• Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС) (1948),
• Академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951),

пешина
аз 343
навбатӣ