Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
• Шоири халқии Тоҷикистон (1961),
• Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1963)
• Қаҳрамони меҳнати сотсилистӣ (1967) шудааст.
• Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (соли 1948), «Ҳасани аробакаш» (1954), «Чароғи абадӣ» (1957), «Садои Осиё» (1960), «Ҷони ширин» (соли 1963) соҳиби ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон (Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ) гардид.
• Барои достони “Аз Ганг то Кремл” (соли 1967) — соҳиби Ҷоизаи байнамилалии ба номи Неҳру шудааст
• Бо унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон (2001) сарфароз гардидааст.
НАМУНА АЗ АШЪОР:
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.
Ба вақти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,
Зи сар то по шудам мафтуну шайдои намудат ман.
Нишастам дар замини ту, паридам дар ҳавои ту,
Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.
Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур.
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё