Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Пурҷилотар аз рухи хуршеди оламгир ҳам,
Тундтар аз бод ҳам, аз бодпо нахчир ҳам.
Як назар кун, рӯди ман, атрофи ту тағйир ёфт,
Аз дами ту дашти бирён чораву тадбир ёфт,
Гарчи бепарво дили ман раҳ ба сӯят дер ёфт,
Ҳарчи бошад, ҳусни ту дар шеъри ман тасвир ёфт.
Боз мебинам, ки рӯдам, ту ҳамон астӣ, ҳамон,
Пеши ту ман дар суҷудам, ту ҳамон астӣ, ҳамон,
Дил ба рӯят ман кушудам, ту ҳамон астӣ, ҳамон,
Гӯш нокарда сурудам, ту равон астӣ, равон...

ҶОНИ ШИРИН
(Достон)

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангӣ макун.
Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Боз дар наздат ба парвоз омадам.
Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам,
Ҳар куҷо, ки буд ҷои зистам,
Ин дили ман манзили ёди ту буд,
Ёди рӯи ҳуснободи ту буд.
Бе ту нагзашт аз гулӯям об ҳам,
Бе ту дар чашмам наёмамад хоб ҳам.
Бе ту ҳар як рӯзи ман як сол шуд,
Бе ту дил гаш кард, чун атфол шуд.
Бе ту дидам гарчи зебо духтарон,
Бе ту бишнидам суруди ошиқон,
Бе ту дар тӯю тамошоҳо шудам,
Бе ту гоҳо булбули гӯё шудам,
Бе ту дар васфи занон гуфтам сухан,
Бе ту дар маҷлис фишурдам дасти зан,
Лек дар пеши назар рӯи ту буд,
Ҷилваҳои чашму абрӯи ту буд.
Ҷони ширин, пас дигар ҷангам макун,

пешина
аз 343
навбатӣ