Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Бо ситора ҳамнишин, бо моҳ гаштам ҳамнафас,
Лек будам сархушу сармаст аз бӯи замин.
Бори аввал дар замин сар шуд тапиданҳои дил,
Бо умеди зиндагӣ заҳмат кашиданҳои дил.
Тӯшаи раҳро ба дӯши хештан бардошта,
Сабру тоқатро надониста давиданҳои дил.
Зинда кардам дар замин ман шуълаи хомӯшро,
Бо сухан дар ҷӯш овардам дили беҷӯшро,
Ман ба ҳар як тифли аз модар ба дунё омада,
Боз кардам аз сари сидқу вафо оғӯшро.
Бо замин, бигзор, ки пайванд бошад пои ман,
Дар замин, бигзор, ки бошад муқаррар ҷои ман.
То абад, бигзор, бошад шуълаафкан, шуълабор
Он чароғе, ки фурӯзон гашт дар маъвои ман.
РӮДИ МАН
Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон,
Сарзаминат пурсамар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон.
Даври ман даври ҳунар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон.
Дидаю дил пуршарар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон.
Осмон дар синаи ту аксандозӣ кунад,
Бо ҷамоли ту ситора шӯхию бозӣ кунад,
Оламеро ҳусни ту аз хештан розӣ кунад,
Моҳи гардун дар дили шаб гарданафрозӣ кунад.
Медавӣ дар кӯҳсору сар ба сангон мезанӣ,
Уштури мастӣ магар ҳар сӯй ҷавлон мезанӣ?
Даст бар сар мӯҳарошон, рӯҳарошон мезанӣ,
Қатраҳои сардро бар кӯҳсорон мезанӣ.
Дар канорат то саҳаргаҳ ҷой кас гирад, хуш аст,
Бо нигоре домани ишқу ҳавас гирад, хуш аст,
Ҷои сабза давра дар болои хас гирад, хуш аст,
Фориғ аз кори ҷаҳон як дам нафас гирад, хуш аст.
Тезтар, бурротар обат аз дами шамшер ҳам,
Софтар аз оби чашми тифли бетақсир ҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё