Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Гарчи камтар сӯи нон мебурд даст,
Дигаронро гарчи ӯ мекард гӯш,
Мекашид ӯ гарчи тамоку хомӯш,
Лек чашмонаш шарар мерехтанд,
Хуни ҳасрат аз ҷигар мерехтанд.
Печу тобаш мисли мавҷи об буд,
Обҳои ноҳии Панҷоб буд.
Борҳо ин мард зиндон дидааст,
Дар сари мӯ бозии ҷон дидааст.
Рӯ ба халқу кишвари маҳбуб кард,
Марги беинсофро мағлуб кард.
Табъ сарбозу қалам шамшер шуд,
Посбонаш назми оламгир шуд.
Адлҷӯён ӯ ҷаҳонгардӣ кунад,
Дар адои қарзи худ мардӣ кунад.
Зулм гарчи карда мӯяшро сафед,
Лек мегӯяд, ки: дунё боумед.
Файз Аҳмад ҳам зану фарзандро
Дар баҳои ҷон харад монанди мо.
Дар гаҳе ки ёди Покистон кунад,
Ёд аз ношод фарзандон кунад.
Гиряи фарзанд озораш диҳад,
Аз ғазаб қудрат ба гуфтораш диҳад.
Гиря дорад, дӯстам, аз гиря фарқ
Талх бошад гиряи фарзанди Шарқ.
Асрҳо бигзашт шарқӣ зор-зор,
Шарқ шуд аз гиряи ӯ шӯразор.
Вақти бозӣ, вақти шӯхӣ, беибо
Мекунад Парвизи мо ҳам гиряҳо.
Дар куҷо, ки бача бошад, гиря ҳаст,
Лекин он гиря дигар, ин дигар аст.
Ҷони ширин, фарқ кун дар кӯҳсор
Селро аз обҳои чашмасор.
Дар ватан фарзанди мо бадбахт нест,
Модари ӯ ҳам зани сарсахт нест.

пешина
аз 343
навбатӣ