Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар диёри мо шуд одам арҷманд,
Шуд сари ҳамгаштаи занҳо баланд.
Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,
Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Кард зан вазъияти моро дигар,
Чун насими тоза дохил шуд ба сар.
Чашми хоболудро бедор кард,
Ҷоҳилу гумроҳро ҳушёр кард.
Дур шуд зан - модар аз аҷзу ниёз,
Тифл дар гаҳвораи ноз аст, ноз.
Кӯдакон шодон қадафрозӣ кунанд,
Кайф карда, хандаву бозӣ кунанд.
Шодии фарзанд чун афзун шавад,
Рӯи модар бештар гулгун шавад.
Саъй бинмо, то набинад насли мо
Баъд аз ин манҳус рӯзи ҷангро.
Саъй кун фарзандҳо олим шаванд,
Бар ҳама сайёраҳо ҳоким шаванд,
Хондаву эҷодкориҳо кунанд,
Халкро эъҷози нав савғо кунанд.
Ҷони ширин, як нафас осуда бош,
Як нафас чун ғунчайи бишкуфта бош.
Як нафас биншин ту дар паҳлӯи ман,
Як нафас хандида бингар сӯи ман.
Ёд кардам ҳарфи ширини туро,
Меҳрубониҳои дерини туро.
Гарчи пур шуд аз сафедӣ мӯи мо,
Гарчи пайдо гашт чин дар рӯи мо
Орзу бисёр дорад дил ҳанӯз,
Ҷӯши ишқи ёр дорад дил ҳанӯз.
Орзу дорад, ки болу пар занад,
Гул ба мӯҳои сафеди сар занад.
Орзу дорад, ки бинад дурро,

пешина
аз 343
навбатӣ