Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
хоинашро мекушад ва баъдтар худро низ ҳалок месозад. Моҷарои падару писар ва ҳифзи ватан аз мавзӯъҳои қадимии адабиёти ҷаҳон мебошад, ки дар ҳикояи “Марги ҳофиз” тамоман ба таври нав тасвир ёфтааст.
Нахустин асари калонҳаҷми С. Улуғзода дар соҳаи насри бадеӣ қиссаи “Ёрони боҳиммат” (1947) мебошад, ки ба воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иртибот дорад. Дар асар образҳои Зайнаб, Ҷӯрабек ва Ориф мавқеъ доранд. Зайнаб аз майдони ҷанг “хатти сиёҳ” мегирад, ки шавҳараш Ҷӯрабек дар муҳориба қаҳрамонона ҳалок гардидааст. Ӯ баъди як соли мотам ба хотири аз гапу калочаҳои мардум раҳоӣ ёфтан ба Ориф Каримов ном муҳандис издивоҷ мекунад. Вале дере нагузашта аз шифохонаи низомиёни шаҳри Тошканд мактуби Ҷӯрабек ба дасти вай мерасад. Лаҳзаи ҳассоси асар он аст, ки Зайнаб ду шавҳари қонунӣ дорад ва интихоб дар ихтиёри ин зани дар ҳолати парешонӣ қарордошта мебошад. Зайнаб баъди андеша ва муҳокимаҳои зиёди мантиқиву ахлоқӣ шавҳари аввалашро интихоб карда, дар беморхона мегӯяд: «Ман Ҷӯрабекро гирифта мебарам». Зайнаб бо ин сухан масъулияти азимеро дар зиндагӣ ба уҳда гирифт, то ки Ҷӯрабеки аз пову даст маҳрумгаштаро наҷот бидиҳад ва ӯро дубора ба ҷодаи зиндагӣ раҳсипор созад.
Аввалин романи С. Улуғзода “Навобод” (1953) мебошад, ки он ба масъалаҳои муттаҳидкунии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ободонии деҳоти тоҷик дар даврони шӯравӣ бахшида шудааст. Ин асар дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик мавқеи муайян дорад. “Восеъ” (1967), “Ривояти суғдӣ” (1975), “Достонҳои “Шоҳнома” (1976; 1977), “Фирдавсӣ” (1985) барин асарҳои насрии С. Улуғзода ба мавзӯъҳои таърихӣ бахшида шудаанд.
Дар эҷодиёти С. Улуғзода охирин асари калонҳаҷми ӯ “Фирдавсӣ” мавқеи босазо дорад. “Фирдавсӣ” романи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё